Нигаронии Раҳимзода аз камбудиҳои кори камераҳои назоратӣ дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода аз низоми кори"Шаҳри бехатар" изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазири корҳоги дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо президенти ширкати "Ҳуавей" дар минтақаи Авруосиё Чжоу Дантсзин аз камбудиҳои кори камераҳои "Шаҳри бехатар" шикоят кард, хабар медиҳад ВКД.
Бояд гуфт, дар доираи мукаммал намудани фаъолият дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати "Ҳуавей"-и Чин татбиқ шуд.
Аммо чуноне маълум мешавад, фаъолияти камераҳо хуб ба роҳ монда нашудааст.
"Дар низоми назоратбарии сабти видеоии "Шаҳри бехатар" камбудиҳо хеле зиёд буда, беҳбудӣ мехоҳад ва фаъолияти он бояд ба тараққиёти замони муосир мутобиқ карда шавад", - гуфтааст Рамазон Раҳимзода.
Дар ин росто Чжоу Дантсзин изҳор доштааст, ки аз маркази "Шаҳри бехатар" дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шудааст.
КДАМ ва ВКД дар Хатлон муҳоҷирони ғайриқонуниро "шикор" мекунад
Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки камбудию норасоиҳои ҷойдошта бартараф мешавад.
Тибқи гузориши манбаъ, дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда, бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва амалинамоии даври дигари лоиҳаи "Шаҳри бехатар"-ро баррасӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0