Нигаронии Ҳинд аз нуфузи "Толибон"* дар Кашмир

© PixabayФлаг индии, архивное фото
Флаг индии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Бо пирӯзии "Толибон"* дар Афғонистон Ҳиндустон аз таъсири ин гурӯҳ дар минтақаи Кашмир сахт нигарон аст
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ҳиндустон аз он нигарон аст, ки пирӯзии "Толибон"* дар Афғонистон гурӯҳҳои шӯришии Кашмирро, ки барои истиқлоли минтақаи мусалмонон ва Ҳимолой мубориза мебаранд, тақвият ва ҳавасманд мекунад, навиштааст Sputnik Афғонистон бо истинод ба "France-24".
Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар нишасти G20 ҳафтаи гузашта ба таври возеҳ изҳор дошт, ки аз таъсири "Толибон"* дар Кашмир нигарон аст ва хостори назорати бештари ин гурӯҳ шавад, то Афғонистонро ба кишваре табдил надиҳад, ки ба ҳамсоягонаш ҳамла кунад.
Вазъият дар Камшир ҳам ором нест. Дар ду моҳи охир тақрибан 40 ғайринизомӣ аз ҷониби нерӯҳои ҷонибдори истиқлол кушта шуданд, ки аксари онҳо ҳиндуҳо ё сикҳҳо будаанд.
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Коршинос: Толибон на ватандӯстони "аморат", балки зархаридони Покистонанд
Мусулмононе, ки бо нерӯҳои Ҳинд ҳамкорӣ мекарданд, низ аз ин кушторҳо дар канор намонданд.
Ҳиндустон дар ҳафтаҳои ахир бо нигаронӣ аз вуруди "Толибон"* ба минтақа посбонии худро дар марз бо Покистон тақвият додааст, зеро дар гузашта, солҳои 1980 ва 1990-ум, муҷоҳидони "меҳмон" аз Афғонистон бар зидди нерӯҳои Ҳиндустон дар Кашмир меҷангиданд.
Бо вуҷуди ин "Толибон"* изҳор доштааст, ки ба ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Ҳиндустон манфиатдор аст ва намехоҳад Афғонистонро ба як макони ноамн барои кишварҳои дигар табдил диҳад, ҳарчанд Ҳиндустон ба ин музокирот чандон эътимод надорад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия, Тоҷикистон ва баъзе аз дигар кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала