Маълум шуд, мардуми Шуғнон чӣ мушкил доранд

© Facebook/МИҲД. ШуғнонРаиси ноҳияи Шуғнон - Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир
Раиси ноҳияи Шуғнон - Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Сокинони ноҳияи Шуғнони ВМКБ мушкилоти худро назди раиси ноҳияи ироа карданд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Мардуми ноҳияи Шуғнон рӯзи қабули раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа, аз мушкилоташон гуфтаанд, хабар медиҳад мақомоти ноҳия.
Гуфта мешавад, ки 39 сокини ноҳияи Шуғнон тавонистаанд аз камбудиҳои худ дар назди мақомоти ноҳияи арза дошта бошанд.
Манбаъ афзуда, ки дар рӯзи қабул сокинони ноҳия бо масоили гуногун ба раиси ноҳия муроҷиат намудаанд.
"Аз ҷумла, доир ба масъалаҳои таъминот бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, баҳси замин ва амволи хоҷагӣ, замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд ", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин сокинон масъалаи расонидани кумаки яквақтаи молиявиро бо мақомот баррасӣ кардаанд.
© Facebook/МИҲД. ШуғнонРаиси ноҳияи Шуғнон - Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир
Раиси ноҳияи Шуғнон - Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Раиси ноҳияи Шуғнон - Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир
Манбаъ афзуда, ки раиси ноҳия пас аз шунидани муроҷиатҳои сокинон ба масъулини сохторҳои ноҳиявӣ барои баррасӣ ва ҳали масъалаҳои матраҳшуда супоришҳои мушаххас додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала