Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Қирғизистон: 8 кас ҷон бохт

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Обуна шудан
Бино ба маълумоти пешакӣ, ронандаи "Honda Stepwagon" ба мошини боркаш бархӯрдааст
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Мақомоти вилояти Талас тафсилоти садамаи мудҳишеро, ки боиси ҳалокати 8 нафар шуд, расонаӣ карданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса шаб дар деҳаи Қара-Ойи вилояти Талас, дар километри 61-уми шоҳроҳи Суусамир - Талас - Тараз рух додааст.
Мошини "Honda Stepwagon" ва боркаши вазнини DAF бархӯрдаанд. Тибқи иттилои мақомот, ронандаи "Honda Stepwagon" Т. Ч.-и 40-сола буда, сари чанбари боркаш А.Н.-и 31-сола қарор доштааст.
Ҳалокати духтари ҷавон зери чархи "Мерседес-Бенс" дар шаҳраки Ғарм
Дар натиҷаи садама дар ҷои ҳодиса ронанда ва мусофирони "Honda Stepwagon": сокинони 60-сола, 12-сола, 26-сола, 24-сола, 28 -сола, 51 -сола, ва 58-сола ба ҳалокат расидаанд.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, ронандаи мошини сабукрав ба мусофиркашонӣ машғул будааст. Сарфи назар аз вақти шаб, тақрибан соати 22:00 ӯ мусофиронро гирифта, ба сӯи Бишкек ҳаракат кардааст", - омадааст дар хабарнома.
Гурӯҳи тафтишотии фаврии Раёсати корҳои дохилии вилояти Талас ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст.
Мошини Ксения Собчак дар Сочи дучори садама шуд: як нафар фавтид
Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0