“Аз Шумо мепурсам”: Сайёф куштори шиаёнро маҳкум кард

© Бойгонии шахсии СайёфАбдураб Расули Сайёф, маъруф ба Устод Сайёф, яке аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифи “Толибон” дар Афғонистон
Абдураб Расули Сайёф, маъруф ба Устод Сайёф, яке аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифи “Толибон” дар Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Абдураб Расули Сайёф, яке аз чеҳраҳои барҷастаи Афғонистон, ки гуфта мешуд, пайрави салафия аст, инфиҷороти ахир дар масоҷиди шиаён дар Кундузу Кандаҳорро маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вай яке аз чеҳраҳои боризи зиддитолибонӣ дар Афғонистон аст, ки ҳамвора ин гурӯҳро мавриди интиқодҳои шадид қарор медод ва идеологияи онҳоро таҳти суол мебурд.
Фаҳими Кӯҳдоманӣ, яке аз масъулони матбуотии Абдураб Расули Сайёф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раҳбари ҳизби Иттиҳоди исломии Афғонистон гуфтааст, ҳодисаҳои дирӯз дар Қандаҳор ва қаблан дар Кундузрухдода мардуду нораво ҳастанд ва қалби ҳар мусулмони боэҳсосро ҷариҳадор месозанд.

“Мо ин амали зишту нораворо, ки чӣ имрӯз аз тарафи ДОИШ* ва чӣ дирӯз аз тарафи толиб ва гурӯҳҳои дигар ба роҳ меафтод, аз оғоз то имрӯз маҳкум намудаем ва ҳол ҳам маҳкум мекунем ва дар оянда низ маҳкум хоҳем кард. Ин кор комилан зидди омӯзаҳои ислом ва зидди арзишҳои исломиву инсонист”, - гуфтааст Абдураб Расули Сайёф.

Мавсуф аз он чеҳраҳои маъруфи ҷиҳодӣ ва исломии Афғонистон аст, ки чанд сол пеш ҳукми шариат дар мавриди интиҳор ва инфиҷорро мустанад ба оёти Қуръон ва аҳодиси Пайғамбари ислом (с) баён карда, ҷиҳоди “Толибон”*-ро нораво хонд ва гуфт, мурдаашон шаҳид нест.
Як теъдод уламои “Толибон”* суханони ӯро ба боди интиқод кашида, аз ҷоиз будани инфиҷору интиҳорҳо ҳимоят намуданд ва Абдураб Расули Сайёфро маҳкум карданд. Ҳоло ахирӣ бо пахши як иттилоия “Толибон”*-ро ба ин муттаҳам мекунад, ки мардуми мазлуми Афғонистонро ҳатто баъди ба қудрат расидан ба сурати давомдор ба хоку хун мекашонад.
Машины скорой помощи в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Таркиши муҳиб дар масҷиди шиаҳои Қандаҳор ҳангоми намози ҷумъа
“Ҳол аз онҳо мепурсам, ки феълан назарашон дар мавриди ин ҷиноятҳо чист? Ба фатво ва назар қаблии худ пофишорӣ доранд ё феълан назарашон тағйир хӯрда? Оё намедонанд, ки ҳукми шариатро ба асоси хоҳишоти нафсӣ ва масолеҳи шахси худ чархондан ва ҳаромро ҳалол ва ҳалолро ҳаром донистан бузургтарин ҷиноят аст, ки дар ҳаққи ислом сурат мигирад? Оё кампҳои тарбияи афроди интиҳорӣ баста шуда ё ҳоло ҳам ба кор худ идома медиҳанд?”, - гуфтааст Абдураб Расули Сайёф.
Абдураб Расули Сайёф, раиси Иттиҳоди исломӣ, як танзими муҷоҳидини Афғонистон, аз қавми паштун аст, ки 74 сол умр дорад ва дар гузашта яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати алайҳи "Толибон"* таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд буд.
Ӯро бисёриҳо ба салафӣ будан, ки нафрати беандоза ба шиаҳо дорад, муттаҳам мекарданд. Аммо Фаҳими Кӯҳдоманӣ мегӯяд, ӯ борҳо дар маҷлисҳои хосу ом ин иттиҳомро рад карда, худро пайрави мазҳаби ҳанафӣ мехонад.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
“Даҳшати ногуфтанӣ”: инфиҷори масҷиди шиаҳо дар Кундуз
Дирӯз, 15 октябр, дар масҷиди шиаёни шаҳри Кандаҳор чор интиҳорӣ худро инфиҷор доданд, ки дар пайи он 33 нафар куштаву 80 тан захмӣ шуданд.
7 октябр дар масҷиди шиаёни маҳаллаи Сайидободи шаҳри Кундуз низ як интиҳорӣ худро инфиҷор дода, ҳудуди 50 танро кушт ва 130 нафари дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Масъулияти ин ҳамлаҳоро ДОИШ* ба зимма гирифт.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала