Зодрӯзи Шодӣ Шабдолов ва Карим Давлат: 17 октябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 17 октября
День 17 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Обуна шудан
Рӯзи 17-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ ва дар ИМА Рӯзи назми сиёҳ мебошад

Рӯзи 17-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1918 дар Маскав аввалин бор дар ҷаҳон Осорхонаи бозичаҳо боз шуд.
Соли 1929 дар бораи пурра таъмир намудани шаҳри Москва қарор қабул шуд.
Соли 1938 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин медали "Барои шуҷоат" таъсис шуд.
Соли 1959 Ширкати "Де Бирс" дар Африкои Ҷанубӣ эълон намуд, ки нахустин бор алмоси сунъӣ истеҳсол кардааст.
День 15 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Зодрӯзи Раҳмат Назрӣ: 15 октябр дар таърих
Соли 1961 - ифтитоҳи қасри давлатии Кремл.
Соли 1973 11 давлати арабӣ дар бораи ҳар моҳ 5% кам намудани истеҳсоли нафт созишнома ба имзо расониданд.
Соли 1990 хазинаи маълумотии IMDb таъсис шуд, ки калонтарин хазинаи маълумот ва сомонаи кинематография маҳсуб меёфт.
Соли 2004 дар Кипр ширинипазҳои маҳаллӣ ширинии шарқиеро бо номи "Роҳат-лукум" ва вазни 2,5 тонна омода намуданд, ки барои таҳияи он беш аз 2 тонна шакар, 350 кг орди ҷуворӣ ва 150 кг меваи хушк истифода шудааст.
Соли 2006 аҳолии Амрико ба 300 млн. нафар расид.

Рӯзи 17-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2019 варзишкори ҷавони Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар Марокаш бар ҳамаи рақибони худ пирӯз шуда, қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон гардид.
© Федерация дзюдо ТаджикистанаСомон Махмадбеков
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Сомон Махмадбеков

Ҷашнҳои рӯзи 17-уми октябр

Рӯзи ҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ.
Рӯзи назми сиёҳ дар ИМА.

Рӯзи 17-уми октябр кӣ ба дунё омадааст?

1493 — Баччо Бандинелли (соли даргузашт 1560), ҳайкалтароши итолиёӣ.
1734 — Григорий Орлов (соли даргузашт. 1783), фелдмаршали рус, граф, фаворити Екатерина II.
1903 — Андрей Гречко (соли даргузашт. 1976), вазири дифои ИҶШС (1967—1976).

Рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Солҳои 1914 - Ҳунарманди халқӣ Кенҷабой Мирмуллоев.
Соли 1942 - профессор Мавҷуда Абдувалиева.
Соли 1943 - роҳбари собиқи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.
Соли 1951 - рӯзноманигор Карим Давлат.
Лентаи хабарҳо
0