Ихроҷу ҷаримаи муҳоҷирон дар вилояти Омск

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудник коммунальной службы убирает улицу в Москве, архивное фото
Сотрудник коммунальной службы убирает улицу в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Аз вилояти Омск 125 шаҳрванди хориҷӣ депорт шуда, вуруди 822 нафар маҳдуд гардидааст
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Маблағи ҷаримае, ки муҳоҷирон барои нақзи қонун пардохт кардаанд, тайи нуҳ моҳи соли равон беш аз 16 миллион рублро ташкил медиҳад, хабар дод дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии вилоят.
Манбаъ таъкид намудаст, ки тайи нуҳ моҳи соли равон тариқи гузаргоҳҳои вилояти Омск беш аз 250 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ убур кардааст. Ҳудуди 30 ҳазор нафар ба далели пандемияи коронавирус наметавонанд аз қаламрави вилоят хориҷ шавад.
Мақомоти пулис гуфтаанд, теъдоди хоҳишмандони иқомати доимӣ дар минтақа 24 дарсад афзоиш ёфта, ҳудуди 4 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳанд. Дар навбати худ ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ мақоми шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Русия
Дар Русия эҳтимол маоши муҳоҷирон зиёд шавад
Дар баробари ин муҳоҷирон имкони истифодаи барномаи давлатии муҳоҷирати ҳамватанонро доранд. Аз ин шева ҳудуди се ҳазор нафар истифода бурдаанд.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намудаанд, ки қонунан дар қаламрави вилоят беш аз 15 ҳазор нафар фаъолият доранд.
Инчунин ҳолатҳои депорту маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирон низ ҷой доштааст. Ба иттилои расмӣ, тайи нуҳ моҳ бо қарори додгоҳ 125 шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ шуда, вуруди 822 хориҷӣ ба қаламрави Русия маҳдуд гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала