Ҷанги Андаробҳо: кушта шудани ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат ва як толиб

© REUTERS / JALIL AHMAD Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Дар пайи ҳамлаи "Толибон"* ба Андаробҳои вилояти Бағлон ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат ва як фармондеҳи "Толибон"* ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ин ҳамла аз сӯйи нерӯҳои вижаи "Толибон"* дар саросари кӯҳистоноти Андаробҳо роҳандозӣ шуд, ки ду сарбози Ҷабҳаи муқовимат ва 8 толиби дигарро низ кушта ба ҷой гузоштааст.
Масъули матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки фармондеҳон Яъқуб Алихон аз дараи Қосон ва Имоми Нурзод аз дараи Навбаҳор дар ҷангҳо бо "Толибон"*дар вулусволии Деҳсалоҳи Бағлон ба шаҳодат расиданд.
"Як тан аз фармондеҳони толиб ба номи Мулло Зоҳир низ дар набардҳои шаҳристони Пули Ҳисор кушта шуд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои ин манбаъ, "Толибон"* бо ҳудуди се ҳазор нерӯи вижа дар саросари Андаробҳо ба як амалиёти тасфиявӣ алайҳи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат оғоз намуд, ки чаҳор рӯз идома кард.
"Вақте дар кӯҳҳо сардӣ фаромад, муқовиматгарон ба деҳоти дараи Қосон пойин омаданд ва аз сӯйи "Толибон"* ба муҳосира афтоданд. Дар ин даргирӣ ду фармондеҳи муқовимат ва як сарбоз ба шаҳодат расиданд. Пас аз суқути дараи Қосон "Толибон" дар дараҳои Пули Ҳисорак бо нерӯҳои фармондеҳон Ғанӣ ва Хайрмуҳаммади Андаробӣ мувоҷеҳ шуда, як фармондеҳ ва 8 сарбозашонро аз даст доданд", - гуфт манбаъ.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Фавти ду фармондеҳи нерӯҳои муқовимати Афғонистон дар задухӯрд бо Толибон
Масъули матбуотии Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ба муқовиматгарони Андароб аз сӯйи Солеҳмуҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи кулли ҷабҳа амр шудааст, ба дараҳои фаръӣ ақибнишинӣ кунанд, зеро аз Кобул иттилоъ расидааст, ки "Толибон"* боз нерӯи кӯмакӣ ба Андаробҳо фиристодаанд. Дар бораи теъдоди захмиён манбаъ гуфт, дар ин ҷангҳо 3 муқовиматгар ва беш аз 40 толиб захмӣ шудаанд.
"Мо аз муқовиматгарони Панҷшер ду рӯзи қабл хоста будем, ки ба хотири интиқоли захмиёни ҷанги Андароб ва интиқоли онҳо ба ҷойҳои амн нерӯ фиристанд. Онҳо се нафарро барои тадовӣ интиқол додаанд. Ҳарчанд теъдоди муқовиматгарон кам ва толибон зиёд буд, нерӯҳои мо дар мавқеияти бештар қарор доштанд. Он чӣ аз шифохонаҳои Андаробҳо иттилоъ расидааст, "Толибон"* захмии зиёд дорад ва аҷсодро ба Кобул интиқол медиҳад", - гуфт манбаъ.
Дур аз Ватан: Чӣ қадар афғонистонӣ аз "Толибон"* фирор кард
Минтақаи Андаробҳо – вулусволиҳои Деҳсалоҳ, Пули Ҳисорак ва Бану аз охири моҳи август ба ин сӯ ба як маҳалли ҷангҳои шадид миёни Ҷабҳаи муқовимат ва "Толибон"* табдил ёфтааст.
Ҳоло Ҷабҳаи муқовимат дар нуқтаҳои саъб-ул-убури кӯҳҳо ва "Толибон"* дар марказу деҳаҳои поёнӣ мавқеият доранд. Ин минтақа бо дараи Панҷшер ҳаммарз буда, яке аз пойгоҳҳои муқовимат ба шумор меояд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала