Намояндаи махсуси Тоқаев вориди Кобул шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Вазорати умури хориҷии Қазоқистон эълом кард, ки Эржан Қозихон, намояндаи вижаи президенти ин кишвар дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ вориди Кобул шуд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Намояндаи махсуси Қосим Жомарт Тоқаев барои баррасии кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон вориди шаҳри Кобул шуд.
Бинобар хабари Вазорати умури хориҷии ин кишвар, Эржан Қозихон 17 октябр дар раъси як ҳайати расмӣ вориди Афғонистон шуд. Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни ин сафар масоили марбут ба кумакҳои башардӯстонаи Қазоқистон ба мардуми Афғонистон ва ҳамчунин равобити тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ мешавад.
Вазорат мегӯяд, Қазоқистон мехоҳад бо Созмони Милал барои густариши минбаъдаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ҳамкорӣ кунад.
Президент РФ В. Путин принял участие в пленарном заседании форума Российская энергетическая неделя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
"Толибон"* иддаои Путинро рад кард
Иёлоти Муттаҳида, ки соли 2001 барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм вориди Афғонистон шуд, билохира пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистон, 31 август аз ин кишвар хориҷ шуд.
Рӯзи 31-уми август Фармондеҳии марказии ИМА дар бораи анҷоми раванди ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ ва анҷоми миссияи низомӣ дар Афғонистон хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала