Навори нокаути Исмоилов аз зарбаҳои Минеев: шарҳи сабаби шикаст - видео

Владимир Минеев дар мусобиқаи AMC Fight Nights дар шаҳри Сочи дар даври сеюм рақибаш Муҳаммад Исмоиловро бо нокаут фиристода, қаҳрамон дар вазни миёна, то 83,9 кило боқӣ монд.
Минеев дар пайи пирӯзӣ ишора кард, ки Исмоилов барои бузургии мушакҳо аз маводи кимиёвӣ истифода кардааст ва маҳз ба ҳамин далел зуд хаста мешавад.
"Ҷигари ҳама якхела аст. Агар ӯ дӯстдори кимиёӣ бошад, пас паҳлӯи заифаш ҳамин аст", - изҳор дошт Минеев. .
Сабқати нахустини ин ду размикор соли 2018 баргузор шуда буд, ки мусовӣ анҷом ёфт. Дар пайи ин размикорон дар чорабиниҳои гуногун иштирок мекарданду хархашаҳо анҷом медоданд, ки кӣ бартарӣ дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Минееви 31-сола то ҳол 15 зӯрозмоиро бо пирӯзӣ, як ададро бо мусовӣ ва яки дигарро бо шикаст анҷом додааст. Исмоилови 35-сола 17 пирӯзӣ, се шикаст ва як мусовӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала