Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Полиси Русия дар вилояти Маскав беш аз 100 муҳоҷирро боздошт кард

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Обуна шудан
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар яке аз сохтмонҳои Русия санҷиши ғайринақшавӣ баргузор намуданд, ки дар натиҷа теъдоди зиёди муҳоҷиронро боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Кормандони полис беш аз 100 шаҳрванди хориҷиро дар сохтмони маҷмааи анбор дар Истра боздошт карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "360" бо истинод ба "ВАО -и Вазорати корҳои дохилӣ" хабар дод.
Раёсат қайд кард, ки бархе аз муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ва бархе бо патент барои кор мушкилот доштанд.
Ҳангоми санҷиш, муҳоҷирон натавонистанд ҳуҷҷатҳои заруриро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кунанд.
Карта Мир от банка Сбербанк и монеты казахстанские тенге в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Русия
Дар Русия эҳтимол маоши муҳоҷирон зиёд шавад
Гуфта мешавад, ин тафтиш ғайринақшавӣ буд ва аз он на корфармоён ва на коргарон дарак доштанд. Зимнан, аксар муҳоҷироне, ки аз рӯи ҳуҷҷатгузорӣ мушкилӣ доштанд, хостанд рӯ ба гурез ниҳанд, аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқ нагузоштанд, ки онҳо паноҳ баранд.
"Ҳар яки онҳо дар маҳзани маълумот дарҳол тафтиш карда шуданд. Сипас ташхиси коргарон аз коронавирус гирифта шуд", - таъкид гардид дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ҳар як муҳоҷире, ки ба нақзи қонун даст задааст, ҷаримабандӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Русия борҳо эълом кардаанд, нисбати хориҷиёне, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд, аз чораҳои сахт истифода мекунанд. Барои муайян кардани чунин шаҳрвандон дар минтақаҳои кишвар мунтазам санҷишҳо гузаронида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0