Се романи машҳур бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуд

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Се романи машҳури ҷаҳонӣ - "Шодравон Маттиа Паскал"-и Луиҷи Пиранделло, "Гетсбии муаззам"-и Френсис Скот Фитсҷералд ва "Гурги даштӣ"-и Ҳерман Ҳессе ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили муаррифии китоби тозанашри "Се шоҳкор"-ро баргузор кард, ки се романи машҳурро дар бар мегиранд.
Китоби "Шодравон Маттиа Паскал"-и Луиҷи Пиранделло, "Гетсбии муаззам"-и Френсис Скот Фитсҷералд ва "Гурги даштӣ"-и Ҳерман Ҳессеро шоир, нависанда ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Салими Зарафшонфар тарҷума кардааст.
Лауреат Нобелевской премии по литературе танзаниец Абдулразак Гурна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Абдураззоқ Гурнаҳ барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Равшан Махсумзод аз аҳамияти тарҷумаи асарҳои оламшумул ба забони тоҷикӣ гуфт.

"Тарҷумаи ин романҳо ба забони тоҷикӣ кори сангину душвор аст ва на ба ҳар тарҷумон муяссар мегардад. Аз ин хотир кори Салими Зарфшонфар шоистаи пазироӣ ва қадрдонии хос аст", - овардааст хабаргузории "Ховар" аз қавли Махсумзод.

Дар маҳфили муаррифии "Се шоҳкор" таъкид гардидааст, ки ин яке аз дастовардҳои муҳими тарҷумаи бадеии солҳои охир дар Тоҷикистон мебошад.
Зикр шудааст, ки то ҳол Зарафшонфар асарҳои "Ҷейн Эйр"-и Шарлотта Бронте, "Гора"-и Р. Такур, "Дастпонаи ақиқнигин"-и А. Куприн, "Дӯсти Дилнавоз"-и Г. Д. Мопассан, "Саҳифаи муҳаббат"-и Э. Золя, "Марианна"-и П. Лагер Квист, "Обхези найсон"-и И. С. Тургенев, ҳикояҳои Акутагава, О. Генри ва дигар асарҳои машҳурро тарҷума кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала