Адиби шинохта Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Маросими видоъ бо адиби шинохта пас аз зуҳри имрӯз, 18 октябр, соати 2 дар деҳаи Кӯйи Сахои Самарқанд баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Донишманд ва адиби номдори тоҷик Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар синни 78-солагӣ дар зодгоҳаш, шаҳри Самарқанд даргузашт.
Дар ин бора адиб Адаш Адаш Истад, ки дар Самарқанд зиндагӣ мекунад ва Ҳаким Раббимпур, аз огоҳони ҳоли марҳум хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бо адиби шинохта пас аз зуҳри имрӯз, 18 октябр, соати 2 дар деҳаи Кӯйи Сахои Самарқанд доир мешавад.
Ҳаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи Самарқанд ба дунё омада, аз донишмандони шинохтаи тоҷик буд, ки дар Ӯзбекистон мезист.
Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. 100 ғазали Саъдии Шерозӣ ва 120 ғазали Ҷомиро бо забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст, ки аз ҷониби интишороти "Алҳудо" (Эрон) ба табъ расидаанд.
Дар соҳаи драманависӣ ҳам худро санҷида, драмаҳои манзуми "Меҳри пирӯз ё зодаи нур" ва дилогияи "Дарди рӯзгори Одам" иборат аз ду намоишнома ("Бародаркуш" ва "Фаромӯшӣ") аз он ҷумлаанд.
Ба навиштаи донишманди тоҷик Ҳаким Раббимпур, Ҳаёт Неъмат дар бедорӣ ва худогоҳии тоҷикон дар саҳми бориз дошт.
Ӯ навиштааст, ки нақши Ҳаёт Неъмат дар роҳандозии Иттиҳодияи иҷтимоии фарҳангии "Самарқанд" ва Маркази фарҳангии тоҷикон "Самарқанд" зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала