Талаби 22 000 сомонӣ барои озодӣ аз хидмати ҳарбӣ: боздошти мақомдори Комиссариати Хатлон

Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Як мақомдори Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Дӯстов Раҷабалӣ, корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар вазифаи сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, даст ба қаллобӣ задааст.

"Дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хидматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хидмати ҳарбӣ озод намудани бародараш 22000 сомонӣ талаб намудааст", - афзуд манбаъ.

Оҷонсӣ гуфтааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ масъул баъди бевосита талаб карда гирифтани маблаѓи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 22000 сомонӣ ҳамчун далели шайӣ ёфта, гирифта шуд.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо банди “а”-и қисми 3-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Додситонии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом боздоштшударо ҷарима ба андозаи аз 54700 то 87600 ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала