Даргузашти генерал Колин Пауэлл аз паёмадҳои COVID-19: Ӯ ваксина гирифта буд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксГенерал США в отставке, бывший Госсекретарь США Колин Пауэлл
Генерал США в отставке, бывший Госсекретарь США Колин Пауэлл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Колин Пауэлл, собиқ котиби давлатии ИМА бар асари паёмадҳои коронавирус даргузашт
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Собиқ котиби давлатии Амрико, генерали мустаъфии артиши ин кишвар Колин Пауэлл дар синни 84 оламро падруд гуфт, хабар дода шуд дар саҳифааш дар "Facebook".
Сабаби марг паёмадҳои коронавирус арзёбӣ шудааст. Дар иттилоияи нашргардида таъкид шудааст, ки ӯ пурра ваксина гирифта буд ва барои табибоне, ки дар табобаташ ширкат доштаанд, миннатдорӣ баён гардидааст.
Вай яке аз дастандаркорони калидии воқеоти пеш аз вуруди нерӯҳои ИМА ба Ироқ дар соли 2003 мебошад. Ӯ он замон, 5 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ эълон кард, аз дасти аввал маълумоти муътамад гирифтааст, ки роҳбари вақти Ироқ Саддом Ҳусейн технологияи таҳияи силоҳи биологиро ба даст овардааст. Ба ҳайси делел ӯ шишаи ҳомили хокаи сафедеро намоиш дода, гуфт, дар он намунаи силоҳи қатли ом мебошад, ки дар Ироқ истеҳсол шудааст.
Баъдан маълум гардидааст, ба ӯ Хадамоти марказии истихборотии ИМА маълумоти бардурӯғ додаасту зарфи шишагии намоишдодааш тақаллубӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала