Оғози интиқоли гармӣ дар Душанбе: "Барқи тоҷик" гуфт, нарх боло нарафтаст

© Sputnik Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як иттилоия аз оғози интиқоли гармӣ ба хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо дар шаҳри Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 18 октябр ба кор оғоз намуда, баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррарии корӣ ворид мешавад, хабар дод "Барқи тоҷик".
Маркази мазкур дар тобеияти худ Марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро дорад, ки дувумӣ бо ангишт ва боқимонда бо гази Ӯзбекистон фаъолият мекунанд.
Таъкид шудааст, ки Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз, 460 МВт нерӯи барқ ва 515 гигакалория гармӣ истеҳсол менамояд.

"Дар ин мавсим 2762 бинову иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мегардад, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёдтар мебошад", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки нархи гармӣ бетағйир буда, чун соли қаблӣ барои аҳолӣ маблағи пардохт барои 1 метри мураббаи майдони гармшаванда бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда 1,18 сомониро ташкил медиҳад.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
"Барқи тоҷик" сабаби қатъи интиқоли нерӯи барқро шарҳ дод
Нарх барои ташкилоти буҷавӣ 98,67 сомонӣ барои 1 гигаколория ва барои истеъмолкунандагони дигар 113,47 сомонӣ барои 1 гигаколория гармӣ бе назардошти ААИ боқӣ мемонад.
Дар феҳрасти гирандаҳои гармӣ 2 ҳазору 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактабу кӯдакистон ва 315 корхона ва ташкилот зикр шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала