Ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон ҷамъ меоянд

Тегеран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Мулоқот дар сатҳи роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Эрон эълом кард, ки ин кишвар мизбони нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои баррасии таҳаввулот дар ин кишвар хоҳад шуд.
Ин мулоқот 27 октябр ба сурати ҳузурӣ баргузор мешавад ва як рӯз идома хоҳад кард.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба пойтахти Эрон мераванд.
Хатибзода, сухангӯи ВУХ Эрон афзуд, ки рӯзномаи асосӣ идомаи муколама хоҳад буд, ки дар марҳилаи аввал дар формати онлайн сурат гирифт.

"Шаш кишвар ба кумак дар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури ҳама гурӯҳҳои миллӣ тамаркуз хоҳанд кард", - гуфт намояндаи Вазорати хориҷаи Эрон.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин эълом кард, ки намояндаи ин кишвар дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ширкат хоҳад кард.
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Карзай: Барои эътирофи "Толибон"* дар ҷаҳон онҳо бояд аввал қонунияти миллӣ дошта бошанд
Ёдовар мешавем, ки аввалин музокирот дар формати "кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон" дар шакли видеоӣ дар аввали моҳи сентябр баргузор шуда буд. Дар он намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Эрон ва Чин ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала