Ҳавои Тоҷикистон то 27 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе на улице
Жители Душанбе на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва бебориш дар назар аст. Дар аксар минтақаҳо вазиши шамол шиддат мегирад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, ки 18 октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-5 ва рӯзона 18 -23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносӣ.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона 5-10, рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 22-27 дараҷа аст. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала