Иштирокчиёни даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон - 2021 муайян шуданд

© ФФТCoca-Cola-чемпионата Таджикистана-2021 среди команд высшей лиги
Coca-Cola-чемпионата Таджикистана-2021 среди команд высшей лиги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт, иштирокчиёни даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон - 2021 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол" дар даври чорякниҳоӣ дастаи "Файзканд" - ро голборон карда, ба даври ниманиҳоӣ баромад.
Манбаъ гуфт, зӯрозмоии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи тими пойтахт анҷом ёфт.
Тавзеҳ дода шудааст, ки голҳоро Салам Ашурмамадов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Шервонӣ Мабатшоев ба дарвозаи рақиб ворид намуданд. Манбаъ афзуд, ки як голи дигарро футболбозони "Файзканд" ба дарвозаи худашон заданд.
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Сомон аз миёни 281 ҷудокор ҷойи панҷумро аз худ кард
Дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Истиқлол" бо тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд вориди майдон мешаванд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон илова намуд, ки бозии дигари ин давр миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд” доир мегардад.
Зӯрозмоиҳои аввали даври нимфинал рӯзҳои 6-7 ноябр ва бозиҳои ҷавобӣ 27-28 ноябр дар назаранд.
Лентаи хабарҳо
0