Ҷоизадорони Гран-при озмуни Стенин-2021 муаррифӣ шуданд

© Шебнем Кошкун / StenincontestНовая опасность для подводного мира: отходы COVID-19
Новая опасность для подводного мира: отходы COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Дар соли 2021 ҷоизаи асосии озмунро якбора ду хабарнигор-аксгир бо асарҳои худ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Озмуни байналмилалии хабарнигор-аксгир ба номи Андрей Стенин соҳибони Гран-приро эълом намуд. Дар соли 2021 ҷоизаи асосии озмунро якбора ду нафар бо асарҳои худ ба даст оварданд.
Яке Мария Гелман аз Петербург бо силсила аксҳои худ "М+Т" ва дигаре намояндаи Туркия Шабнам Кошкун мебошанд.
Шабнам бо як акси худ бо номи “Хатари нав ба ҷаҳони зериобӣ: парвтоҳои COVID-19 " ғолиби озмун дониста шуд.
Ин чорабиниро Агентии иттилоотии байналмиллалии “Россия сегодня” ташкил намуда, эълони Гран -при ва ҷоизаҳои иштирокчиён дар доираи як маросими онлайнӣ дар худи агентӣ сурат гирифт.
Бояд гуфт, силсилааксҳои Мария “М+Т”як достони таъсирбахш дар бораи муҳаббати як ҷуфти пиронсоли гирифтори синдроми дауна мебошад, ки дар деҳаи Светлана ба сар мебаранд. Он ҷо одамони маълул ва гирифтори бемориҳои рӯҳӣ дар якҷоягӣ бо омӯзгорон ва ихтиёриён зиндагӣ мекунанд.
Международный конкурс имени Андрея Стенина-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2021
Ба ҳайати озмуни Андрей Стенин - 2021 сарварони саноати ҷаҳонии аккосӣ шомил шуданд
Муаллиф дар бораи иштироки худ дар озмун сухан ронда, таъкид кардааст: "Барои ман, иштирок дар озмуни Андрей Стенин як имкониятест барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мавзӯи иҷтимоӣ. Ҳар сол ман асарҳои худро бо ҳакамони касбии байналмилалӣ ба ин озмун пешниҳод мекунам, зеро ин як платформаи хуби баён, дастгирии шоистаи молӣ барои аксбардорони ҷавон ва муносибати босифат ба намоишгоҳи ғолибон аст".
Барандаи дигари Гран -при 2021 акси ягонаи рӯзноманигори турк Шабнам Кошкун буд. Дар бораи кори худ Шабнем таъкид кард, ки “ҳадафи ӯ нишон додани мушкилот буд".
“Солҳои зиёд ман дар мавзуи ифлосшавии баҳр бо партовҳои пластикӣ ва микропластика кор мекунам. Ҳатто пеш аз пандемия мо натавонистем бо миқдори зиёди партовҳои пластикӣ мубориза барем. Акси гирифтаи ӯ дар Босфор гирифта шудааст.
“Ман мехостам ҳангоми оббозӣ партовро ҷустуҷӯ кунам. Аммо ҳоҷат ба нигоҳ кардан набуд: он дар ҳама ҷо буд. "
Директори генералии ВКД "Россия Сегодня" Дмитрий Киселев дар бораи асарҳои озмун дар соли 2021 сухан ронда, қайд кард:

"Аксгирӣ имрӯз як санъати хеле ростқавл ва консервативӣ аст. Барои гирифтани акс Шумо бояд ба қаҳрамон наздик шавед. Ва ин метавонад ҷанг, муноқишаи шаҳрвандӣ бошад. Андрей Стенин қариб дар ҳама нуқтаҳои доғи ҷаҳон худро ҳамин тавр ёфт ".

Зимнан, ҷоизаҳои соли 2021 низ дар маросими онлайн эълон шуданд. Дар бораи корҳои ғолиб узви ҳакмон Рут Эйхорн (Олмон), куратори мустақил ва муҳаррири аксҳо, собиқ директори аксҳои нашри олмонии GEO, чунин гуфт: "Соли 2020 воқеан дар таърих беназир буд, бо бисёр сабабҳо. Суратгирон имконият надоштанд, ки барои анҷом додани кор ва ё супоришҳо сафар кунанд. Бо вуҷуди ин аксҳои аввал маро бо шавқмандӣ илҳом бахшиданд".
Рут инчунин қайд кард, ки "... асарҳои интихобшуда на танҳо шарҳи рӯйдодҳои ҷаҳон аст. Ин як сафари аксбардорӣ, муаммои аёнӣ аст, ки ба суратгирон ва нуқтаи назари онҳо арҷ мегузорад".
Дар бахши "Ахбори асосӣ" хабарнигори акксо аз Индонезия Ҷошуа Ируандӣ бо акси "Арзиши инсонии COVID - 19" ғолиб омад.
Дар бахши "Сайёра ман" акс бо номгузории "Ҳамлаи малахҳо дар Африқои Шарқӣ", ки маҳсули дасти Луис Тотои испанӣ мебошад, пирӯзӣ ба даст овард.
Дар бахши варзиш хабарнигорон аксбардорҳо аз Сурия Мунеб Тайм бо асари "Паркур дар харобаҳо" ва Даря Исаева намояндаи Русия бо силсила аксҳои "Олимпиадаи хонагӣ" ғолиб дониста шуданд.
Дар бахши "Портрет. Қаҳрамонони замони мо" беҳтаринҳо аксбардорон аз Русия ва Ҳиндустон дониста шуданд. Сергей Бабилов бо асари "Чеҳраҳои замони мо", ки духтуронро намоиш додааст ғолиб баромад. Ҳамчунин Шарофат Алӣ, намояндаи Ҳиндустон бо асари "Кашмир. Мероси баҳсбарангез" ғолиб омаданд.
Рӯихати пурраи ҷоизаҳои барандагони озмуни 2021 дар вебсайти tenincontest.ru/stenincontest.com нашр шудааст.
Асарҳои мунтахаби ғолибони озмуни 2021-ро аз аввал то нимаи моҳи октябр дар хиёбони Гоголевски Маскав дар формати намоишгоҳи кӯча дидан мумкин аст.

Дар бораи озмун

Озмуни байналмилалии хабарнигорӣ - аккосӣ ба номи Андрей Стенин, ки аз ҷониби Оҷонсии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня" таҳти сарпарастии Комиссияи Федератсияи Русия оид ба ЮНЕСКО ташкил шудааст, ҳадафи дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба вазифаҳои журналистика муосир мебошад.
Дар соли 2020 шарикони умумии иттилоотии озмун инҳоянд: портали иттилоотӣ ва хабарии "Вести.Ру", шабакаи телевизионии давлатии Русия "Россия-Фарҳанг" ва шабакаи "Москва -24".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала