Комиссия барои поксозии сафи "Толибон"* аз "афроди бадкор" фаъол шуд

© AP / Rahmat GulПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Вузарои "Толибон"* комиссияи муштаракеро ташкил додаанд, ки ба гуфтаи онҳо, ба поксозии сафи аъзои ин гурӯҳ аз "афроди бадкирдор" машғул хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Зебеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* ва муовини вазири фарҳангу иттилооти ҳукумати интиқолии Афғонистон аз ташкили комиссияи муштарак алайҳи афроди бадкирдор хабар додааст.
Муҷоҳид мегӯяд, дар саросари кишвар комиссияи муштарак аз ҷониби Сарраёсати истихборот, Вазорати дифоъ ва Вазорати корҳои дохилӣ бо фармони вазирон ба фаъолият оғоз намуд.
Ӯ дар саҳифааш дар "Twitter" хабар дод, ки комиссия 18 октябр ба фаъолият оғоз намуда, сафи "Толибон"*-ро аз фасодкорону афроди бадкирдор пок месозад.
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Собиқ роҳбари Пентагон сабаби номуваффақии ИМА дар Афғонистонро гуфт
Қаблан намонядаи ВУД Афғонистон, Қорӣ Саид Хустӣ низ аз ташкили комиссияи махсус аз ҷониби ҳукумати муваққатии ташкилкардаи "Толибон"* хабар дода, изҳор дошт, ки ин комиссия алайҳи афроде фаъолият хоҳад кард, ки аз тариқи хешутаборбозӣ мансабе гирифтаанд ё гузаштаи шубҳаноке доранд. Инчунин таъкид намудааст, дар салоҳияти комиссия поксозии сафи "Толибон"* аз мақомдороне ворид мебошад, ки боиси норозигии сокинони маҳаллӣ мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки артиши ИМА Афғонистонро баъди 20 соли ҳузур то охири сентябри соли равон тарк кард.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА "Толибон"* фаъол шуда, нимаи моҳи август ҳукумат дар ин кишварро ғасб намуд. Бисёри музофотҳо бидуни муқовимат таслим шуданд. "Толибон"* эълон карданд, ки дар кишвар аморати ба ном исломиро ташкил мекунанд ва тибқи қоидаҳои шариат ҳукуматдорӣ хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала