Муҳоҷирони боарзиш: дар Русия гуфтанд, ба кадом корҳо коргар ниёз доранд

Курьер службы доставки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Фурӯшандагони интернетии Русия аз норасоии хаткашон ва пешхидматҳо хабар дода гуфтанд, ки аз аввали сол онҳо то 100 ҳазор рубл даромад ба даст меоранд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки норасоии хаткашонҳо дар рӯзҳои таътили ноябр вазъро бадтар мекунад ва ин маънои онро дорад, ки нарх ва муҳлати интиқол меафзояд, менависад "Ведомости".
Се ожонси бузурги истихдомӣ фавран хабар доданд, ки фурӯшандагони онлайн ба пешхидматҳо ва пайкрасонҳои мошиндор ниёз доранд.
Норасоии коргарон бо афзоиши мавсимии талабот ба таҳвил, рушди ҷиддии бахш ва хориҷшавии муҳоҷирон алоқаманд аст.
Ҳамин аст, ки ҳоло имкониятҳои кадрӣ дар бозор амалан тамом шудаанд, қайд мекунанд ширкатҳо.
Дар пасманзари норасоии муҳоҷирони корӣ арзиши хадамоти пайкрасонҳо аз аввали сол 1,5-2,5 баробар боло рафтааст. Пайкрасонҳо дар заминаи норасоии коргарон то 100 ҳазор рубл дар моҳ кор мекунанд.
Продавец и покупательница в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Русия
Тамоюли нав: Дар Русия шумораи занони муҳоҷир афзуд
Ҳамин тариқ дар моҳи сентябри соли 2021 шумораи ҷойҳои холии пайкрасонҳо ва фармоишгарон қариб ҳафт баробар афзоиш ёфт.
Тибқи маълумоти "Яндекс", дар рӯзҳои ид шумораи фармоиш 10-15% афзоиш хоҳад ёфт. Ширкат ният дорад, кормандонро бо мукофотпулӣ, суғурта ва хӯроки ройгон ҳавасманд кунад.
Интизор меравад, ки "Sbermarket" низ 3,5 маротиба афзоиш ёбад ва аз ин рӯ коргаронро дар ҳама минтақаҳо ҷалб кунад.
Аммо "Delivery Club" эълом дошт, ки онҳо барномаи ҷалби "Дӯстро биёр"-ро то бист минтақаи Русия густариш хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала