Мясников гуфт, кадом нӯшокӣ аз ҳама зиёд барои саломатӣ хатарнок аст

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкПодросток покупает энергетические напитки
Подросток покупает энергетические напитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Доктор Мясников мегӯяд, истифодаи нӯшокиҳои ширини газдор ба бемориҳои онкологӣ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Духтур ва ровии телевизион Александр Мясников фоида ва зарари баъзе нӯшокиҳоро дар шабакаи телевизионии "Россия 1" ошкор кард.
Ба гуфтаи коршинос, нӯшобаҳои ширини газдор хатари зиёд ба саломатӣ дорад. Вай қайд кард, ки имрӯз ин маҳсулот дар ҳама ҷо фурӯхта мешавад.

"Чизе, ки диабет, фарбеҳиро ба вуҷуд меорад ва дар ниҳоят боиси саратон мешавад. <...>. Ин дар ҳақиқат роҳи бузурги бад кардани саломатӣ аст, ки аз остеопороз сар карда, то онкология ва бемориҳои дил анҷом меёбад", - шарҳ дод Мясников.

Табиб гуфт, ки ҳатто оби оддиро танҳо ҳангоми ташнагӣ нӯшидан лозим аст. Аммо дар маҷмуъ,он барои саломатӣ аз ҳама камтар хатарнок аст, таъкид кард ӯ.
Тележка для продуктов в супермаркете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Маълум шуд, кадом ғизои маъмул "қотил"-и масунияти инсон аст
Мясников инчунин дар бораи хосиятҳои муфиди чой ва қаҳва низ гуфт. Ба гуфтаи ӯ, қаҳва, хусусан ба пешгирии бемориҳои дилу раг ва бемориҳои ҷигар мусоидат мекунад ва чойи сабз таъсири зиддисаратонӣ дорад.
Қаблан олимони Донишгоҳи Рединг нӯшокиеро номбар карда буданд, ки метавонад умрро дароз кунад. Ба гуфтаи онҳо, сухан дар бораи истифодаи ҳадди ақал як шиша шир дар як рӯз меравад, ки ин сатҳи холестиринро дар бадан коҳиш медиҳад ва инчунин хатари бемории ишемияи дилро 14 фоиз кам мекунад.
Лентаи хабарҳо
0