На рус, аммо ҷузъи ҷаҳони русӣ: дар анҷумани ҳамватанон дар бораи чӣ гуфтанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел России Сергей Лавров выступает на VII Всемирном конгрессе российских соотечественников, проживающих за рубежом
Министр иностранных дел России Сергей Лавров выступает на VII Всемирном конгрессе российских соотечественников, проживающих за рубежом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Чӣ гуна забони русиро дар кишварҳои хориҷи наздик тавсеа дод? Шарҳи ин мавзуъро дар матлаби Sputnik бо Анҷумани VII умумиҷаҳонии ҳамватанони Русия бихонед.
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik, Данара Курманова. Анҷумани 7-уми ҳаммеҳанони русиягӣ дар хориҷ дар Маскав 400 намоянда аз 100 кишваррро гирди ҳам овард.
Ҳамватнони пасошӯравӣ чӣ мазияте метавонанд дошта бошанд, чӣ гуна саҳмияҳои донишгоҳҳои Русия афзоиш меёбанд ва чаро гоҳе Русия намояндагони соири миллатҳоро рус меномад, аз масоили матраҳ дар ин матлаби Sputnik ҳастанд.

"Русӣ" – мафҳуми чандмиллатӣ

Пӯшида нест, ки истилоҳи “ҷаҳони русӣ” ба бархӯрдҳои мухталифе рӯ ба рӯ мешавад. Касоне ҳастанд, бо ин андеша, ки Русия низ мисли соири кишварҳо аз тарафи диаспораҳо бояд ҷонибдорӣ шавад, аз консепсияи “ҷаҳони русӣ” ҳимоят мекунанд. Аммо иддаи дигаре бо интиқоди ин консепсия онро тавсеаи Русия мешуморад.
Таҳияи докторинаи Русия нисбат ба дигар кишварҳо мушкилтар хоҳад буд, зеро Иттиҳоди Шӯравии собиқ 15 икишварро шомил мешуд ва дар ҳар яке аз ин кишварҳо ҳоло ҳам бо забони русӣ суҳбат мекунанд. Ҳол он ки шаҳрвандони собиқи ИҶШС на ҳама рус буданд. Ҳамин аст, ки Русия дар ин зимн аз истилоҳҳои “диаспора” ва “ҳаммеҳан” истифода мекунад.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Лавров дар мисоли Тоҷиикстон хостори густариши макотиби русӣ дар ИДМ шуд
“Ҳаммеҳан” чанд гурӯҳе аз мардумро шомил мешавад: шаҳрвандони Русия, ки берун аз ин кишвар мезиянд, насли афроде, ки дар дохили Русия зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин он иддае аз мардум, ки Русия таърихан макони зисти онҳо буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки анҷумани ҳамватанонро ифтитоҳ кард, гуфт: "Русия як кишвари сермиллат аст.Таҷрибаи ҳамзистии халқҳо, фарҳангҳо ва мазҳабҳо беназир аст."
Ба назари Лавров, муҳимтарин омиле, ки мардумони дорои фарҳангу дини мултахифро мутаҳҳид кардааст, забони русӣ аст. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко дар ин анҷуман низ ба забон таъкид кард, на ба миллати ширкатдорони он.
"Дар вахимтарин моҳҳои пандемия мо он шаҳрвандони худро, ки дар шароити сангин қарор доштанд, кумак кардем. Метавонед рӯи мо ҳисоб кунед”, - хитоб кард ба ҳозирине, ки аз кишварҳои наздики хориҷ аз Русия буданд. Ҳамчунин ӯ афзуд, ки онҳо дар якҷоягӣ “ҷаҳони сермиллат”-ро ташкил мекунанд.
"Русиягиҳои мо новобаста аз миллаташон дар вазъияти комилан аҷиб қарор мегиранд”, - иброз дошт мудофеи ҳуқуқи башар дар Русия Татяна Москалкова, - “олмониҳо, яҳудиҳо, узбекҳои Русия. Таъқби ғайримуҷоз, мамнуъ шудани суҳбати заноне, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд, бо фарзандони худ”.

Коҳиши мавонеъ

Тавре Сергей Лавров гуфт, дар 20 соли гузашта Русия бо ҳамватанони худ тавонист “вазифаи муҳим – ба қоеият табдил додани ҷаҳони русӣ”-ро анҷом диҳад. Ба андешаи ӯ, аз бисёр ҷиҳатҳо ворид шудани тағйирот дар Қонуни Асосии Русия дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанон ба ин мусоидат кардааст.
“Ин меъёрҳои ҳуқуқӣ имкон медиҳанд, ки сиёсати давлат нисбат ба онҳое, ки дар берун аз кишваранд, татбиқ шавад”, - гуфт Лавров.
Дидорҳои маъмулӣ бо ҳамватанон кумак карданд, то дарёфти шаҳрвандии Русия осон карда шавад, - мегӯяд Валентина Казакова, сардори раёсати муҳоҷирати ВУД Русия.
"Дар се сол корҳои зиёде анҷом шуданд”, - гуфт Казакова ва афзуд: - “Ҳеҷ зарурате ба тарки мақоми шаҳрвандӣ нест. Шаҳрвандони Қазоқистон, Молдов, Беларус ва Украина акнун метавонанд мутобиқ ба суҳулатҳои эҷодшуда барои гирифтани мақоми шаҳрвандӣ табааи Русия шаванд".
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Барномаи сафари Путин ба Душанбе: Аз суҳбати хос бо Раҳмон то поягузорӣ ба мактабҳои русӣ
Дар ҳамин ҳол бештаре аз нафароне, ки имсол аз тариқи барномаи муҳоҷирати ҳамватанон шаҳрванди Русия шуданд, аз Қазоқистон буданд, гуфт Казакова.
"Ин писари зебо, ки тахассуси пизишкӣ дорад, аз оғози пандемия дар “маҳалли сурх” қарор дошт ва шаҳрвандони моро дар мубориза бо ин беморӣ кумак кард”, - гуфт ӯ ва афзуд, феълан дар ҳудуди Русия ҳафт миллион хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, ки “аксари онҳо ҳамватани мо ҳастанд. Коҳиши мавонеъ барои дарёфти шаҳрвандиро ВУД аз вазоифи худ медонад”.

Квота барои кишварҳои наздики хориҷӣ бештар мешавад

Мавҷи аввали ҳамватанон касонеро шомил мешавад, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро паси сар кардаанд. Ҳол он ки Русияро лозим аст, ба насли ҷавон таваҷҷуҳи бештар дошта дошта бошад, мегӯяд раиси Кумитаи умури байналмилаии Думаи давлатии Русия Леонид Слутский.
"Дар солҳои 1989-90 дар ҷаҳон 350 миллион нафар бо забони русӣ ҳарф мезад ва ҳоло – 270”, - гуфт ӯ. – “30 сол як давраи ночиз аз назари таърихӣ аст, аммо дар ин муддат аз ин теъдод 80 миллион нафар коҳиш ёфтааст! Мо чанде пеш дар Бишкек ба номи Чехов мактаб боз кардем, аммо чандсад мактаби дигар дар кишварҳои гуногун баста шуданд. Аз ин рӯ таълим барои мо вазифаи муҳимтарин аст”.
Андрей Корнеев, муовини вазири маорифи Федератсияи Русия гуфт, соли оянда Русия ният дорад,5 мактабро ба истифода диҳад, ки ҳар яки онҳо то 1200 хонанда қабул карда метавонанд. Ба гуфтаи ӯ, Русия мактабҳои формати нав эҷод мекунад, талабҳо тибқи стандарти русӣ таҳсил мекунанд, аммо бо ҷузъи ягонаи миллӣ (омӯзиши забон ва таърихи миллӣ). Яке аз чунин мактабҳо аллакай дар Туркманистон вуҷуд дорад. Дар Қирғизистон боз 9-тои дигар ифтитоҳ мешавад.
Дмитрий Афанасев, муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия илова мекунад, ки Русия на танҳо шумораи мактабҳо, балки шумораи квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои худро низ афзоиш медиҳад. Дар соли таҳсили оянда шумораи квотаҳо 23 ҳазор ва дар соли 2023 30 ҳазор хоҳад шуд.
"Инчунин дар хориҷа, дар 17 кишвар 40 филиали муассисаи таҳсилоти олии Русия амал мекунад", - гуфт Афанасев. – “Дар онҳо 17 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Ва дар Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларус муассисаҳои омӯзишии дорои тобеияти дугона вуҷуд доранд”.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала