Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВторое заседание московского формата консультаций по Афганистану
Второе заседание московского формата  консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Ҳайати "Толибон"* таҳти роҳбарии муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон дар ҳамоиши Маскав ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* дар садри як ҳайати ин созмони мамнуъ дар ҳамоиши Маскав дар мавзӯи Афғонистон иштирок хоҳад кард, хабар дод шабакаи телевизионии "Tolo News".
Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ қаблан таъйид намуд, ки ҳайати "Толибон"* барои музокирот бо мақомдорони баландпояи Русия озими Маскав мегарданд.
Инъоммулоҳ Самангонӣ, узви Комиссияи "Толибон"* дар умури фарҳанг низ изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон иштирок дар ҳамоиши Маскавро чун имкони роҳандозии иртиботи расмӣ бо кишварҳои дигар медонанд.
"Ҳайати баландпояи Афғонистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ дар Маскав бо намояндагони кишварҳои гуногун масоили мухталифи марбут ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд", - изҳор дошт Самангонӣ.
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Карзай: Барои эътирофи "Толибон"* дар ҷаҳон онҳо бояд аввал қонунияти миллӣ дошта бошанд
Мулоқоти Маскав дар мавзуи Афғонистон 20 октябр баргузор мешавад.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав нияти пешниҳоди эродҳояш ба "Толибон"* ва баррасии роҳҳои ҳалли онро дорад.
Дипломат таъкид намуд, ки Маскав аз ин мулоқот натиҷаҳои куллиеро интизор надорад.
"Ин як раванди тӯлонист ва мо инро дарк мекунем. Ин ҷо масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили гуманитарию роҳҳои ҳалли он дар миён гузошта хоҳанд шуд", - таъкид намуд Кобулов.
Феълан ИМА иштирокашро дар Маскав таъйид накардааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0