Нозири №1-и маорифи Суғд аз вазифааш барканор шуд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Абдуғаффор Ахмедов, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд аз мақоми роҳбарӣ барканор шудааст
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Дар бораи барканории Ахмедов манобеъ аз идораи маорифи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ахмедов моҳи сентябри соли гузашта дар ин идораи навтаъсис, ки сифати назорати таълиму тарбия дар макотиби кишвар аз умдатарин вазифаҳои ин ниҳод маҳсуб мешавад, роҳбар таъйин гардида буд.
Иллати зуд аз вазифа барканор шудани ӯ маълум нест, вале манобеи ғайрирасмӣ сабаби барканориашро ба “нуқс” доштани дипломи донишгоҳиаш рабт медиҳанд.
Абдуғаффор Ахмедов қаблан дар идораҳои маорифи шаҳри Хуҷанд ва инчунин минҳайси мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон фаъолият намудааст.
Бо барканор шудани ӯ ҳоло Ҷамолиддин Насриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Школьники на первом школьном дне в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Чаро фаъолияти мактаби “Файз” дар Хуҷанд қатъ шуд? - вокуниши шуъбаи маориф
Насриддинзода собиқ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон аст, ки дар ин вазифа чанд сол кор кардааст.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси фармони раисҷумҳур дар моҳи феврали соли 2020 таъсис дода шуд ва Саидзода Шоҳин, писари Нуриддин Саид, собиқ вазири маориф ва ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон роҳбари ин ниҳоди давлатӣ таъйин гардид.
Ин сохтор дар заминаи собиқ Хадамоти назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шудааст.
Ин ниҳод минбаъд иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот, аттестатсия ва корҳои дигари назоратию машваратӣ дар бахши маорифро ба зимма дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала