Русия равобиташро бо НАТО қатъ кард: оғози буҳрон

© AFP 2021 / GEOFFROY VAN DER HASSELTСимвол НАТО, архивное фото
Символ НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Даври нави баҳсҳои байни Русия ва НАТО боиси бадтар шудани муносибот шуд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки кишвараш аз 1 ноябр кори намояндагии худ дар ин паймонро қатъ мекунад.
Русия инчунин дафтари иттилоотии ин созмон дар Маскавро мебандад. Илова бар ин кори намояндагии низомии он дар Маскав таътил мешавад.
Вазири умури хориҷии Русия қайд кард, ки барои тамос бо Русия акнун намояндагони паймони аврупоӣ бояд бо сафири Русия дар Белгия тамос гиранд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Лавров муҳимтарин мақсади Маскав баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро гуфт
Ин чораҳо ҳамчун посух ба амали созмони мазкур алайҳи кормандони намояндагии доимии Русия гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр маълум шуд, ки НАТО тасмим гирифтааст, ҳашт узви Русияро дар паймон барои фаъолияти душманона ихроҷ кунад ва шумораи онҳоро то даҳ нафар кам кунад.
Муносибатҳои байни Русия ва ин ташкилоти низомӣ пас аз фурӯпошии ИҶШС дар декабри соли 1991 барқарор шуданд. Русия бо Шӯрои Ҳамкории Атлантикаи Шимолӣ ҳамкориро шуруъ кард. Аз соли 1994 инҷониб Федератсияи Русия дар машқҳои муштарак бо он иштирок мекунад.
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
"Шикасти аср": НАТО худро гӯр мекунад
Васеъ шудани доираи нуфузи НАТО ва инчунин дубора ҷойгир кардани нирӯҳои эътилоф ба марзҳои Русия боиси интиқоди шадид аз ҷониби мақомоти Русия шуд.
Мушкилоти равобити Русия ва он дар аввали соли 2008 боиси шуд, ки дар ташкилоти ҳарбии мазкур муроҷиатҳои Украина ва Гурҷистон барои пайвастан ба Нақшаи амалҳо оид ба омодагӣ ба узвият дар ин паймонро ба баррасӣ бигирад. Ҳоло муносибатҳои Русия ва НАТО дар буҳрони тӯлонӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала