Дар Зафаробод марди 39-сола ҳамдеҳаашро кушт

© Sputnik / Рубен ГарсияСотрудники МВД Таджикистана
Сотрудники МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Нисбати марди 39-сола феълан парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 110, қисми 3, Кодекси ҷинояти боз шуда, тафтишот идома дорад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Кормандони милиса дар ноҳияи Зафаробод як сокин деҳоти Равшанро дастгир намуданд, ки дар қатли ҳамдеҳаи худ гумонбар дониста мешавад.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодиса дар манзили истиқоматии гумонбаршуда сурат гирифтааст.
Зикр мегардад, ки марди муттаҳам дар ҳолати мастӣ бо ҳамдеҳаи худ, марди 35-сола вориди муноқиша шуда, охиронро се маротиба бо корд задааст.
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Боз куштор дар заминаи рашк: Мард ҳамдеҳаи ҷавонашро кушт - видео
Манбаъ меафзояд, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин ҳол ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110, қисми 3, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала