Сафири Бритониё: Эътирофи "Толибон"* терроризмро қонунӣ мегардонад

© REUTERS / West Asia News AgencyБоевики "Талибана"* с оружием на авиабазе Баграм в Парване, Афганистан
Боевики Талибана* с оружием на авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Намояндаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон алайҳи ҳукумати нави Афғонистон шадидан мухолиф кард
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Сафири тозатаъийни Бритониё дар Тоҷикистон Тим Ҷонс ва сафири Афғонистон дар ҷумҳурӣ Муҳаммад Зоҳир Ағбар рӯзи душанбе гузашта мулоқот анҷом доданд.
Дафтари матбуотии сафорати Афғонистон хабар дод, ки мавзӯи асосии муколамаи дипломатҳо вазъ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон буд.
Намояндаи Бритониё дар ин мулоқот итминон додааст, ки кишвараш расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистонро идома медиҳад.
Тим Ҷонс ҳамчунин гуфт, ки масъалаи эътирофи ҳукумати нави "Толибон"* дар конфронси амнияти G-20 матраҳ хоҳад шуд ва ба эҳтимоли зиёд кишварҳои иштирокчӣ дар ин нишаст тасмими муштарак хоҳанд гирифт.

"Аксарияти раҳбарони "Толибон"* ҳоло ҳам дар "рӯйхати сиёҳ"-и СММ ҳастанд. Онҳо бо шабакаҳои террористӣ алоқаманданд ва эътирофи ҳукумати онҳо боиси қонунигардонии гурӯҳҳои террористӣ мешавад", - гуфт дипломати бритониёӣ.

Вай ҳамчунин қайд кард, аслиҳа ва таҷҳизоте, ки дар ихтиёри "Толибон"* қарор гирифтааст, ин гурӯҳро қавӣ карда, ки ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала