Дар Эрон беш аз се миллион паноҳандаи афғонистонӣ қарор дорад

© REUTERS / Saeed Ali Achakzai Семья из Афганистана на контрольно-пропускном пункте "Ворота дружбы" в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан
Семья из Афганистана на контрольно-пропускном пункте Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Ситоди кулли Эрон мегӯяд, теъдоди қобили мулоҳизае аз Афғонистон ба ин кишвар паноҳ бурдааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Зиёда аз 3 миллион гурезаи афғонистонӣ алъон дар Эрон қарор дорад. Дар ин бора Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Эрон дар мулоқот бо вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу дар Маскав иттилоъ дод.

"Эрон ба вуруди барзиёди паноҳандагон аз Афғонистон осебпазир аст ва дар ҳоли ҳозир беш аз 3 миллион гурезаи афғонистонӣ дар қаламрави Эрон ба сар мебарад", - гуфт Боқирӣ.

Ин мақоми эронӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Маскав ва Теҳрон дар масъалаи Афғонистон равиши муштарак доранд. Вай ҳамчунин қайд кард, ки пас аз хуруҷи амрикоиҳо Афғонистон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯст.
Раиси Ситоди кулли Эрон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуруди теъдоди зиёди паноҳандагон аз Афғонистон ин кишвар дар мубориза алайҳи маводи мухаддир бо мушкил рӯ ба рӯ мешавад.
Ситуация у аэропорта Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Эҳтимоли ворид шудани садҳо ҳазор паноҳанда аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* теъдоди зиёди шаҳрвандони Афғонистон ватани худро тарк намуданд ва дар дигар давлатҳо паноҳанда шуданд.
Чанде пеш Иттиҳоди Аврупо эълон намуд, ки ба Тоҷикистон барои қабули гурезаҳои Афғонистон 160 ҳазор евра кумаки молӣ ихтисос медиҳад. ИА ҳушдор дода буд, ки то авохири соли ҷорӣ теъдоди паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон то 50 ҳазор нафар хоҳад расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала