Сиёсатшинос: Истеъфои Залмай Халилзод эътирофи нокомии ИМА дар Афғонистон аст

© REUTERS / Ibraheem al OmariАмеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением "Талибан" (запрещено в РФ) в Катаре
Амеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением Талибан (запрещено в РФ) в Катаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Коршиноси рус мегӯяд, пас аз нокомии Иёлоти Муттаҳида Афғонистон зери таъсири бозигарони минтақа қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Никита Мендкович, сиёсатшиноси рус ва коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир қайд кард, ки истеъфои намояндаи вижаи ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод эътирофи шикасти сиёсати Амрико аст.
Коршинос дар муколама бо РИА "Новости" қайд кард, ки сиёсати нодуруст дар минтақа боиси коҳиши эътибори ИМА шуд.

"Кишварҳои дигар, аз қабили Русия ва Чин ҳадаф қарор мегиранд, ки акнун пас аз нокомии Иёлоти Муттаҳида бояд мушкилоти минтақаро худашон ҳал кунанд", - гуфт Мендкович.

Вай афзуд, ки амнияти минтақаӣ ҳоло бештар аз Федератсияи Русия ва Чин вобаста аст.
"Ҳар як генерал бо аз даст додани мавқеяш, менишинад ва хотираҳояшро менависад. Ду жанри ёддошт вуҷуд дорад: чӣ гуна ман дар ҷанг ғалаба кардам ё чӣ гуна ба ман иҷозат надоданд, ки дар ҷанг пирӯз шавам. Фикр мекунам, ки дар мавриди Халилзод, гузинаи дуюмаш рост хоҳад омад", - бо киноя хулоса кард сиёсатшинос.
Мулоқоти Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Панҷшер Залмай Халилзодро ба хиёнат муттаҳам кард
Мендкович ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки пас аз нокомии мушобеҳ дар Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида дар робита ба сиёсати хориҷии худ аз ин хулоса барорад.
Ёдовар мешавем, 18 октябр котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен эълом дошт, ки Халилзод аз мақомаш меравад, ин вазифа ба Томас Уест хоҳад гузашт, ки муовини ӯ буд.
Халилзод дар шарҳи истеъфояш гуфт, ҳоло вақти муносиб барои рафтан аст, чун Вашингтон марҳилаи нави сиёсати худро нисбати Кобул оғоз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала