Яке аз калонтарин бонкҳои Чин иҷозати кор дар Тоҷикистонро гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Бонки миллии Тоҷикистон барои фаъолияти яке аз бонкҳои маъруфи чинӣ дар кишвар иҷозат додааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раёсати БМТ барои ифтитоҳи намояндагии Бонки кишоварзии Чин дар шаҳри Душанбе ризоият додааст. Гуфта мешавад, ки иҷозатнома бар асоси Қонуни "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" дода шудааст.
Департаменти назорати бонкӣ муваззаф аст, ки дар Феҳристи намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Маврид ба зикр аст, Бонки кишоварзии Чин - "Agricultural Bank of China" яке аз бонкҳои бузурги Чин мебошад, ки соли 1951 таъсис шудааст.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Вазири иқтисоди Русия ояндаи долларро пешгӯӣ кард
Дар охири солҳои 70-ум бонки мазкур ба бонки тиҷоратӣ мубаддал шуд, аммо ҳамоно комилан моли давлат боқӣ мондааст. Аз соли 2009-ум бонк ба ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд мубаддал гардид.
Дар соли 2010 Бонки кишоварзии Чин дар радабандии "1000 бонки бузурги ҷаҳон", ки аз ҷониби маҷаллаи бритониёии "The Banker" таҳия шуд, мақоми 7-умро касб кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала