Оқохони IV яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксВизит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар
Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Ҷойгоҳи Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузориҷаҳон тайи солҳои ахир пеш рафта, дар радабандии ҷадид барои соли 2021 дар зинаи 30-юм ҷой гирифтааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шоҳзода Карим Оқохони IV дар феҳристи 500 мусалмони пурнуфузи дунё дар мақоми 30-ум ҷой гирифтааст.
Феҳрасти 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.
Ҳамчунин ин феҳраст кишвардор Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро шомил мешавад.
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Президент дар Порис бо фарзанди Оқохони IV вохӯрду таманниёти Аълоҳазратро шунид
Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.
Ба панҷгонаи аввал президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, яке аз олимони машҳури ислом дохил мешаванд.

Оқохони IV кист?

Шоҳзода Карим Оқохони IV 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.
Вай дастпарвари Донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ, дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала