Падар тоҷику модар қазоқу келинҳо аз миллатҳои гуногун: тавсифи Мирзиёев аз оилаи намунавӣ

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон оилаи намунавии кишварашро ном бурд, ки намояндагони чандин миллатҳо дар он муштарак зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон, ки бо сафарҳои пешазинтихоботияш ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар дораду бо мардум мулоқот мекунад, зиндагии оилаи бисёрмиллатии Ҷонсаидовҳоро чун намунаи ибрат мисол овард.
Дар ин бора "Овози Самарқанд", нашрияи Шӯрои вакилони халқ ва ҳукумати вилояти Самарқанд дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Шавкат Мирзиёев зимни як мулоқот дар хитоб ба ҳозирин изҳор доштааст, шояд онҳо дар бораи оилаи Ҷонсаидовҳо, ки дар маҳаллаи Оқтепаи ноҳияи Пискент зиндагӣ мекунанд, шунида бошанд.
"Падар тоҷик, модар қазоқ ва ҳафт келин - намояндагони миллатҳои ӯзбек, қазоқ, рус, уйғур, гурҷӣ, чечен дар ҳамзистӣ, аҳлона зиндагӣ мекунанд", - таъкид намудаст Мирзиёев.
Ӯ зиндагии ин оиларо намунаи фарохдилӣ, ифодаи намоёни ҳамҷиҳатӣ хондааст.
"Ман зиндагӣ, таҷриба ва таҳаммулпазирии ин оиларо тарғиб намуда, филм ба навор мегирам", - хабар додааст Шавкат Мирзиёев.
Маврид ба зикр аст, ки 24 октябр дар Ӯзбекистон баргузории интихоботи президентӣ дар назар буда, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури феълӣ аз номзадҳои асосӣ дар он мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала