Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Собянин дар Маскав низоми дуркорӣ ҷорӣ кард

Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Сергей Собянин аз роҳбарияти корхонаву ташкилотҳо даъват намудааст, ки 30 дарсади коргаронро ба низоми дуркорӣ гузаронанд
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар пойтахти Русия низоми дуркориро ҷорӣ кард. Дар ин бора ӯ дар сафҳаи худ хабар додааст.
Собянин навиштааст, ки аз 25 октябр то 25 феврал корфармоён бояд ҳадди ақал 30 дарсади шумораи умумии коргаронро ба режими кори фосилаӣ фиристанд.

"Аз 25 октябри 2021 то 25 феврали 2022 корфармоёне, ки дар Маскав фаъолият мекунанд, вазифадоранд, ҳадди аққал 30% шумораи умумии коргаронро ба кори фосилаӣ гузаронанд", - навиштааст Сергей Собянин.

Мири Маскав зикр намудааст, ки ба фарқ аз моҳи августи соли ҷорӣ ҳоло мавориди гирифторӣ ба беморӣ ҳудуди 4 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол муовини сарвазири Русия, Татяна Голикова низ рӯзи 19 октябр пешниҳод намуд, ки аз 23 октябр дар баъзе аз минтақаҳои Русия рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шавад.
Дети в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Русия
Дар Русия теъдоди кӯдакони гирифтори коронавирус афзоиш ёфтааст
Вай инчунин тавсия дод, дар ин минтақаҳо аз нафақахӯроне, ки ҷое фаъолият намекунанд, даъват шавад, то хонанишинӣ кунанд.
Илова бар ин Голикова аз корфармоён даъват мекунад, барои гирифтани ваксина бар зидди коронавирус ба кормандон ду рӯз истироҳат диҳанд.
Муовини сарвазири Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки пас аз 7 ноябр корхонаҳо мунтазам ба кор бароянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала