Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Сукути пеш аз тӯфон ё изтироби дурӯғин: вазъи коронавирус дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в медицинских масках на улице
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Пас аз ду ҳафтаи сукут дар Тоҷикистон ду ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор карда шуд, вале омор дар бораи афзоиши боз қатъ шуд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бори дигар омори сифриро дар бораи коронавирус эълон кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин раёсат.
Ҳамин тавр дар давоми 24 соати охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст.
Вазорати тандурустӣ гуфт, аз аввали бақайдгирӣ то 19 октябр дар кишвар 17 086 нафар бемори коронавирус номнавис шуда, ки 16 960 нафари онҳо шифо ёфтаанд.
Дети в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Номи ваксина алайҳи COVID барои наврасон дар Русия маълум шуд
Тибқи гузориши вазорат, аз аввали ҳамагирии бемории коронавирус то кунун 124 нафар дар кишвар ҷони худро аз даст додааст.
Ёдрас мешавем, ки 15 октябр дар кишвар дигарбора бемории коронавирус хуруҷ кард.
Вазорат аз мубтало шудани ду тан ба ин вабои аср хабар дод.
Қабл аз он, аз моҳи сентябр то 15 октябр дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуда буд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин мавориди гирифторӣ COVID-19 дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел дар Тоҷикистон кашф шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала