Бархӯрди маргбори "Мерседес-Бенс" ба боркаши корношоям дар роҳи Душанбе - Панҷи Поён

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Обуна шудан
Ронандаи ҷавон аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ҷони худро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ронандаи "Мерседес-Бенс" дар пайи бархӯрд ба боркаши корношоям, дар роҳи Душанбе - Панҷи Поён ба ҳалокат расид, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳоди қудратӣ, ҳодисаи нохуш нимашаби 19-уми октябр, тахминан соати 01:00 рух додааст.
Ронандаи худрави “Мерседес-Бенс”, сокини 27-солаи шаҳри Хуҷанд будааст.
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Ноболиғи 7-солае зери чархи "Мерседес-Бенс" ҷон бохт
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ҷ. Балхӣ, дар шоҳроҳи Душанбе - Панҷи Поён, дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Садамаи маргбор дар Данғара: худрави ҳомили се ҳамсинф чаппа шудааст
Ҳамин тавр ронандаи ҷавон ба мошини боркаши "Дулан"-и ронандаи 34-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор, ки дар канори роҳ дар ҳолати корношоямӣ будааст, бархӯрда, чаппа шудааст.

"Дар натиҷа, ронандаи “Мерседес-Бенс” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки таҳиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0