Болоравии рубл ва коҳиши доллар дар Тоҷикистон идома дорад: бозори арз

График рубля на стене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ ва дар умум дар ҳоли тақвиятёбист
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл ба 0.1588 баробар аст.
Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон беш аз 4 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби рубл имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.
Тамоюли болоравии рубл дар тӯли ду ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Ояндаи доллар таҳлилгаронро ҳайратзада кард
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳафтаи гузашта ва чанд рӯзи пеш боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2795 сомонӣ медиҳанд. Дар ҳоле ки ҳамагӣ ду рӯз қабл 1 доллар муодили 11.2895 сомонӣ буд. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир ноустувор аст ва дар Тоҷикистон пас аз гароншавии якбора коҳиш ёфта, ҳоло 1 евро баробар ба 13.1496 сомонӣ аст.
Путин дар бораи сарнавишти доллар гуфт: "ИМА шохаеро, ки дар он нишастааст, мебурад"
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.7895 то 11.2900 сомонӣ;
1 евро аз 13.0958 то 13.2600 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1588 то 0.1600 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки додуситади арзии берун аз бахшҳо, марказҳои бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала