Ҳадафи размоиши “Зуҳри устувор-2021”-и Амрико ба Хиросимаи дигар табдил додани Аврупост

© AP / Mindaugas KulbisНорвежские солдаты батальона усиленного передового присутствия НАТО
Норвежские солдаты батальона усиленного передового присутствия НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳида "наҷот"-и ҳампаймонон ва шарикони аврупоияш аз "таҳдиди Русия"-ро аз тариқи аз истифода бомбҳои атомӣ дар қаламрави Ҷаҳони Куҳна тамрин мекунад.
Азбаски таҳдиди воқеӣ вуҷуд надорад ва бомбҳои атомии амрикоии В61 дар анборҳои Белгия, Олмон, Италия, Нидерланд ва Туркия ҷойгиранд, Вашингтон дар ҳар лаҳза метавонад Аврупоро "бикушад". Ҳамла болои Ироқ, Югославия, Либия ва Сурия метавонад ба унвони мисол хидмат кунад.
НАТО 18-25 октябр дар Аврупои Ҷанубӣ бо иштироки 14 кишвари узви паймон машқи "Зуҳри пойдор"-ро мегузаронад. Даҳҳо ҷанганда ва бомбандозҳое, ки қодир ба интиқол ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ ҳастанд, инчунин ҳавопаймоҳо барои мушоҳидаҳои дурдасти радарӣ ва сӯзишворӣ ба он ҷалб карда мешаванд.
Манёврҳо гӯё бо рӯйдодҳои кунунии ҷаҳон иртибот надоранд ва ба "таъмини амният, эътимоднокӣ ва самаранокии пешгирандаи ҳастаии НАТО", асосан бомбаҳои ҳастаи ИМА B61-12 имкон медиҳанд.
Пайдост, ки бехатарии аврупоиҳои осоишта дар зери боли ҳавопаймо масъалаи дувумдараҷа аст. Дар ҳолати фарзии муноқишаи ҳастаӣ дар Аврупо қарори асосӣ дар бораи таркиш на дар раъйпурсӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, балки дар Вашингтон қабул карда мешавад. Шояд он аллакай қабул шуда бошад ва мунтазири "амал" аст.
НАТО осталась без России: Москва приостанавливает работу постпредства при альянсе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Русия
Русия НАТО -ро аз Маскав ронд: видео
Пештар дар размоишгоҳҳои нерӯҳои ҳавоии ИМА идғоми бомбҳои тактикии такмилёфтаи B61-12 бо ҷангандаҳои нави F-35A ва F-16C ба анҷом расид.
Дар Аврупо бисёре аз ҷангада ва бомбандозҳои "думанзура" мавҷуданд ва барои онҳо тақрибан 200 бомбаи атомии В61 бо ҳосили умумии 18 мегатонна дар пойгоҳҳои Амрико дар Белгия, Олмон, Италия, Ҳолланд ва Туркия захира шудааст.
Ин муодили 900 таркиши ҳастаӣ дар Хиросима аст, ки дар он ҷо тобистони соли 1945 Иёлоти Муттаҳида бори аввал бомби 20-килотоннаиро истифода кард ва Ҷопон тақрибан 200 ҳазор нафарро аз даст дод. Оё иттифоқчиёни аврупоии Вашингтон медонанд, ки як B61-12 тақрибан ду Хиросима аст?
Далоил. Таҷдиди бомби барномарезишудаи B61-12 бо ҳадафи иваз кардани силоҳҳои ҳастаии Амрико дар Аврупо иҷроӣ шудааст. Он дорои як системаи роҳнамо ва кулоҳаки ҷангии бо қудрати тағирёбандаи то 50 килотонна аст. Вай чарх мезанад ва қодир аст, ба масофаи 30 км парвоз кунад.
B61-12 на амният, балки афзоиши эҳтимолияти истифодаи "дақиқ" ва марги даҳшатноки миллионҳо аврупоиҳоро, ки беихтиёр худро "зери ҳимоят"-и Иёлоти Муттаҳида қарор медиҳанд, таъмин мекунад. Агар дар Русия яке аз ин гуна бомбҳо афтад, метавонад бештари шаҳрвандони ИА-ро кушад. Дар ҳамин ҳол аз доктринаи низомии Федератсияи Русия дар бораи истифодаи мутақобили силоҳи ҳастаӣ ёд мекунем.

Худкушии силсилаӣ

Машқҳои “Зуҳри устувор”-и НАТО ҳамасола дар кишварҳои Аврупо баргузор мешаванд. Ҷузъиёти тамрин махфӣ аст, аммо андешаи "гармои зуҳр", яъне сенарияи ҷанги ҳастаӣ ва ҳайати иштирокчиёнро пинҳон кардан душвор аст. Ба таври анъанавӣ дар ин гуна манёврҳо ба ғайр аз нерӯҳои ҳавоии амрикоӣ ҷанговарони олмонӣ, ҳолландӣ, белгияӣ ва итолиёӣ иштирок мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, машқи "Зуҳри устувор-2021" дар фазои Аврупои Ҷанубӣ баргузор мешавад.
Парвозҳои омӯзишии бидуни бомб анҷом дода мешаванд, аммо силоҳи ҳастаӣ дар пойгоҳи ҳавоии Геди, дар шимоли Италия ва пойгоҳи ҳавоии Бухел дар Олмон воқеан барои истифода омода ва ба миҳфазҳои ҳавопаймоҳо бор карда мешаванд. DPA хабар дод, ки пойгоҳи Бухел то 20 бомби ҳастаии амрикоии B61 дорад.
Флаг НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Ранҷиш: НАТО метавонад яке аз қудратҳои низомии нерӯмандтарини дунёро аз даст диҳад
Албатта, дар ҷараёни машқҳо, офатҳои сунъӣ, зарбаҳои барқ, сӯхтор, ҳамлаҳои террористии ҷиҳодиён ва дигар мушкилот истисно карда намешаванд, аммо муҳимтар аз он ин аст, ки онҳо "бо назардошти бад шудани вазъи амният дар Аврупо ва паймони ягонаи атомӣ" баргузор мешаванд.
Тафовут ва зиддиятҳои дохилии НАТО шубҳаҳо дар бораи бехатарии чунин размоишҳоро ба вуҷуд меорад. Мувофиқи сиёсати ҳастаии НАТО, кишварҳои шарик дар ҳолати фавқулодда метавонанд аз кулоҳакҳои амрикоии мустақар дар Аврупо истифода кунанд.
Раҳбари Пентагон Ллойд Остин рӯзи сешанбе дар Киев дар бораи ҳаводиси Донбасс гуфт: "Биёед, ба таври возеҳ бигӯем, ки Русия ин ҷангро оғоз кардааст." Остин ҳамчунин гуфт, ки ИМА қобилияти Украинаро барои ҷилавгирӣ аз "таҷовуз"-и минбаъдаи Русия тақвият хоҳад дод.
Қаблан НАТО ба хулосае омад, ки посбонони сулҳи Русия дар Приднестров поймол кардани ҳокимияти Молдова буда, талаб карданд, ки ба корҳои давлатҳои соҳибихтиёр "дахолат накунад". Гузашта аз ин, Вашингтон бозгашти Қрим ба Русия, истиқлоли давлатии Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро эътироф намекунад.
Иёлоти Муттаҳида якҷониба аз Паймони ҳазфи мушакҳои миёнбурд ва кутоҳбурд баромад ва системаи мобилии мушакии миёнапарвози заминиро таҳия мекунад. Бомбандозҳои амрикоӣ дар тамринҳо дар кишварҳои Балтика пайваста зарбаҳои ҳастаӣ ба минтақаи Калининград ва Санкт-Петербургро тақлид мекунанд. Киштиҳои ҷангии иттиҳод давра ба давра сарҳадҳои Федератсияи Русияро вайрон мекунанд ва аз нерӯҳои баҳрии Русия посухи сахт мегиранд.

Ҳалокати ҳастаӣ

Пештар Русия Олмонро ба нақзи Созишномаи байналмилалии паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ айбдор кард. Олмон, ки худ анбори ҳастаӣ надорад, ба таври анъанавӣ бо кормандони низомӣ ва ҳавопаймоҳо барои истифодаи яроқи ҳастаӣ таъмин мешавад ва комилан ба ИМА ва НАТО дар бораи ҷанги ҳастаӣ ва бо "иштироки ҳастаӣ" содиқ аст.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои ҷангдаҳои F-16-и нерӯҳои ҳавоии Лаҳистон ҳам ташвишовар аст. Бояд қайд кард, аз тариқи радарҳои русӣ намешавад мушаххас кард, ки ҳавопаймои думанзура чӣ гуна кулоҳак дорад, аз ин рӯ ба "гуноҳи ҳастаӣ"-и ҳама гуна ҳавопаймоҳои бомбафкани НАТО дар наздикии марзҳои Федератсияи Русия бартарӣ дода мешавад.
Тасодуфӣ нест, ки коршиносони ғарбӣ имрӯз таҳдиди ҷанги ҳастаиро дар муқоиса бо даҳсолаҳои гузашта бештар арзёбӣ мекунанд. Ва онҳо қайд мекунанд, ки амрикоиҳо "бо оташ бозӣ мекунанд, яъне бо охири дунё".
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
"Шикасти аср": НАТО худро гӯр мекунад
Вақте ки Вашингтон нуфузи байналмилаии худро гум мекунад, кушиш мекунад, ки "торафт бештар стратегияи мунҳадим кардани ҳарифони калонтарини ИМА-ро пеш гирад". Бо вуҷуди ин ҳатто марказҳои таҳлилии амрикоӣ қайд мекунанд, ки давраи "милитаризм"-и беохири Иёлоти Муттаҳида ба охир расидааст, бинобар ин Вашингтонро зарур аст, ки ҳузури низомии хориҷии худ ва истифодаи нерӯи низомиро дар ҷаҳон коҳиш диҳад. Дар чунин шароит ҳамсоягони Русия беҳтар аст, андеша кунанд - дипломатия аз муқовимат беҳтар аст.
Дар ҳамин ҳол, машқҳои ҳастаии “Зуҳри устувор” ва аслиҳаи нав захираҳои азими молиро талаб мекунанд. Навсозии бомбҳои B61-12 ба андозсупорандагон 10 миллиард доллар зарар меорад. Барои бомбаандозҳои нави Бундесвер беш аз 8 миллиард евро ба нақша гирифта шудааст.
Ҷомеаи Иттиҳодияи Аврупо ҳарчи бештар бекор кардани манёврҳои солонаи “Зуҳри устувор”-ро, хотима додан ба "иштироки ҳастаӣ" ва дур кардани бомбаҳои атомии Амрикоро ба Ватани таърихии худ талаб мекунад. “Greenpeace” қайд мекунад, ки вақти гуфтушунидҳои нави стратегӣ бо Русия ва баро халъи силоҳи ҳастаӣ фаро расидааст. Инро сиёсатмадорон ва стратегҳои ИМА ва НАТО мешунаванд?
Ба канали шореҳи низомӣ Александра Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0