Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

ID-корти муҳоҷир чӣ гуна ҳуҷҷат аст: шарҳи ВКД Русия

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузаштан ба хазинаи аксПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
ID-кортҳо хидматрасониҳои давлатӣ ва тартиби тасдиқи қонунии будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Русияро соддатар мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ҳуҷҷати ягона барои хориҷиён чипе хоҳад дошт, ки он ҷо тамоми маълумоти шахсии муҳоҷир ҷой дода мешавад, гуфт муовини сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Кирилл Адзинов.
Ҳамин тариқ ID-кортҳо барои муҳоҷир маълумоти биометрӣ, инчунин иттилоот дар бораи мақоми шаҳрванди хориҷӣ, раводид ва муҳлати амали онро дар бар мегиранд.
Ба гуфти ӯ, лоиҳаи қонун дар соҳаи муҳоҷират ҷорӣ кардани як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хориҷӣ дар Русияро дар назар дорад.

"Он дорои интиқолдиҳандаи электронӣ (чип) бо маълумоти шахсӣ, аз ҷумла маълумоти биометрӣ, иттилоот дар бораи вазъи кунунӣ, раводид ва муҳлати амали он ва ғайра хоҳад буд", - гуфт Адзинов ҳангоми суханронӣ дар Кунгураи байналмилалии туризми тиббӣ.

Ба гуфти намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, мавҷудияти чунин ID-кортҳо гирифтани хидматрасониҳои давлатӣ ва тартиби тасдиқи қонунии будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Русияро сода хоҳад кард.
Трудовые мигранты возвращаются домой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Русия
Русия ба оилаҳои муҳоҷирон иҷозати вуруд дод
Пештар хабар дода шуд, ки соли оянда номгӯи хидматрасониҳои онлайни давлатӣ бештар карда мешаванд. Яке аз онҳо барои муҳоҷирони корӣ пешбинӣ хоҳад шуд.
Корт бо изи ангушт: талаботи нав барои муҳоҷирон дар Русия - аз кай?
Интизор меравад, ки тавассути он барои хориҷиён ёфтани кори нав осонтар мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала