Ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон: Чанд буду чанд шуд?

АЗС в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Тайи ду рӯзи ахир арзиши газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Дар нуқтаҳои фурӯши чаканаи сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон нархномаҳои ҷадид овезон шудаанд, ки бар асоси онҳо, қимати маводи сӯхт вобаста ба навъи он аз 20 то 70 дирам боло рафтааст.
Тибқи нархномаҳои ҷадиди нуқтаҳои чаканафурӯшӣ, нархи бензини АИ 92 ба 10,6 сомонӣ, АИ 95 11 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 10, 2 сомонӣ ва гази моеъ ба 7, 7 сомонӣ баробар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл арзиши бензини навъи АИ 92 ба ивази 10,4 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 9, 5 сомонӣ ва гази моеъ 7, 5 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Чанде қабл масъулини “Газпромнефт”, яке аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон баландшавии нархи маводи сӯхт дар ҷумҳуриро пешгӯӣ карда буд.
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон гарон мешавад
Ин ширкат сабаби болоравии нархро ба афзоиши арзиши маводи сӯхт дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва чанд давлати дигар рабт дод.
Масъулини "Газпромнефт" изҳор дошта буданд, ки эҳтимол “арзиши як литр бензини АИ - 95 ба 11,1 сомонӣ (0,98 доллар), АИ 92 - 10, 9 сомонӣ (0,96 доллар) ва сӯзишвории дизелӣ - 10, 5 сомонӣ (0,93 доллар) расад.
Болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ 3, 7 то 4 сомонӣ ё 55 - 58%-ро ташкил медиҳад. Дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ қимати як литр гази моеъ 4, 5 сомонӣ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳудуди 7 сомонӣ буд.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷ, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала