Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

КДАМ Тоҷикистон вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARТалибы в аэропорта в Кабуле
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Дар пайи як нишасти хадамоти махсус дар Душанбе Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи Афғонистонро вахим арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон, ки дар қаламрави он ҳамлаҳои террористӣ идома доранд, мушкил боқӣ мемонад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ).
Дар Душанбе нишасти хадамоти вижаи Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд.

"Намояндагони хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қайд карданд, ки вазъ дар Афғонистон феълан мураккаб аст, чун то ҳол он ҷо амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез идома доранд, ки боиси қурбониҳои зиёд мешаванд", - омадааст дар изҳорот.

Ҳозирин дар мулоқот дар робита ба тамоюли ҷалби ҷавонони миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ изҳори назар карданд.
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Посухи "Толибон"* ба Лавров дар барои таъсиси ҳукумати фарогир
Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолияти чунин созмонҳо ба мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон таҳдид мекунад.
"Мо ташкили ҳукумати фарогирро бо дарназардошти манофеи ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ муҳим ва зарур мешуморем. Барои ҳалли вазъ дар Афғонистон бояд аз платформаҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки ширкаткунандагони вохӯрӣ аъзоҳои онҳо мебошанд, кор гирифта шавад", - гуфтанд дар нишаст.
Лавров ба "Толибон"* аз ҳукумати фарогир ва ҳуқуқи инсон гуфт
Илова бар ин онҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват карданд, ки роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро таҳия кунанд, саъю кӯшишҳои ба роҳ мондани тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат, инчунин муборизаи муштаракро дастгирӣ намоянд.
Семья из Афганистана с вещами на контрольно-пропускном пункте Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Лавров мушкилоти ҳукумати нави Афғонистонро номбар кард
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи низомёни Амрико аз Афғонистон, "Толибон"* қудрат дар кишварро ғасб карданд.
Ҳамзамон ҷангиён кафолат доданд, ки онҳо ният надоранд ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҳуҷум кунанд.
* - гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз дигар кишварҳои ҷаҳон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала