Лавров: "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунем

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксИтоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке
Итоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, кишвараш "Толибон"*-ро ташвиқ мекунанд, ки ҳам аз ҷиҳати қавмӣ ва ҳам сиёсӣ ҳукумати фарогир созмон диҳад
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сергей Лавров гуфт, Маскав аз "Толибон"* даъват мекунад, ки дар Афғонистон ҳукумати фарогирро таъсис диҳад.
Ӯ гуфт, ки "мо онҳо ("Толибон"*)-ро ба иҷрои уҳдадориҳои худ ҳангоми ба қудрат расидан ташвиқ мекунем, аз ҷумла таъсиси ҳукумати фарогир".

"Ҳукумати нави Афғонистон на танҳо ба қавмият, балки ба эътиқоди сиёсӣ низ такя мекунад ва аз ҳама аҳзобу доираи васеи эътиқод дар ин кишвар намояндагӣ мекунад", - тавзеҳ додааст Лавров.

Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот гуфт, дар машварати Маскав вазъи Афғонистон, дурнамои низомию сиёсӣ, ташкили ҳукумати фарогир ва талошҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ аз буҳрони башарӣ дар ин кишвар баррасӣ хоҳанд шуд.
Боевики Талибана* с оружием на авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Сафири Бритониё: Эътирофи "Толибон"* терроризмро қонунӣ мегардонад
Ёдовар мешавем, ки ҳайати музокироти Маскав дар соли 2017 барои кумак ба ҳалли қазияи Афғонистон ва бар асоси механизми машваратҳои шашҷонибаи намояндагони махсуси Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон таъсис дода шуд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала