Вазири умури хориҷии Русия аз "Толибон" хост, ба аҳдашон вафо кунанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксПредставители политического совета движения "Талибан"
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Сергей Лавров бо ҳайати "Толибон"* аз таъсис додани ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гуфт ва ҳамзамон талаб намуд, ки онҳо ба тааҳҳуди худ содиқ бимонанд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ӯ бо ҳайати "Толибон"*, ки барои иштирок дар нишасти Маскав бобати вазъи феълии Афғонистон омадаанд, пиромуни масъалаҳое чун риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон суҳбат намудааст.
Лавров мушкилоти ҳукумати нави Афғонистонро номбар кард
Вазири рус афзуд, зимни мулоқот аз намояндагони "Толибон"* даъват шуд, то ба ваъдаи худ истод шаванд ва нагузоранд, кишваре қаламрави Афғонистонро ба манфиати худ истифода кунад.
Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки бобати ин масъала борҳо суҳбат шуда буд.
"Мо аз ҷунбиши "Толибон"* даъват мекунем, то ногузоранд кишвари дигар қаламрави Афғонистонро барои ҳамла ба давлати саввум истифода барад".
Аз ин пеш, вазири умури хориҷаи Русия аз мушкилоти дохилии Афғонистон ва таҳдид он ба кишварҳои ҳамсоя гуфт.
Делегация политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Толибон* вориди Маскав шуданд
Лавров қайд кард, ки созмонҳои террористӣ метавонанд аз ин вазъият истифода кунанд.
Вай афзуд, ки мушкилоти тавлиди маводи мухаддир низ аз мавзуъҳои рӯз аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала