Навори бозии бабрҳои барфие, ки аз Тоҷикистон ба Русия оварда шудаанд - видео

Обуна шудан
Насли бабрҳои барфие, ки аз Тоҷикистон ба Русия оварда шудаанд, ҷисман қариб ба волидонашон баробар шудаанд
Зоологҳои мамнуъгоҳи Саяно-Шушин назорат бар ду бабри барфии ҷавонро, ки соли 2020-ум таваллуд шуданд, идома дода истодаанд.
Бабрҳоро дар доираи лоиҳаи ҳифзи ҳайвоноти нодир аз Тоҷикистон ба Русия оварданд, ки дар ин ҷо насл гузоштанд.
Бабрҳои ҷавон, ки ҷисман аз волидон қариб фарқе надоранд, хеле фаъолу бозигаранд.
Ба навор лаҳзаи бозии бабрҳои ҷавон афтодааст. Дар ҳоле ки модарашон атрофро назора дорад, фарзандон давутоз доранд.
Ба зудӣ, вақте модар бабрҳои ҷавонро шикору мубориза барои зинда мондан ёд медиҳад, ин насл мустақилона аз пайи рӯзгори худ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0