Пешбарии дигарбораи Усмонов ба мақоми роҳбари Федератсияи шамшерзанӣ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксАлишер Усманов, архивное фото
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Соҳибкор аз соли 2008 ба ин сӯ раҳбарии Федератсияи байналмилалии шамшерзаниро бар уҳда дорад. Ӯ қаблан ду бор, солҳои 2012 ва 2016 ба ин маснад интихоб шуда буд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Номзадии соҳибкор Алишер Усмонов ба вазифаи президенти Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ (FIE) барои як давраи дигар пешбарӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон.
Кунгураи интихобии Федератсияи байналмилалии шамшерзанӣ 27 ноябр дар Лозанна баргузор мешавад.
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд
Муҳлати пешбарии номзадҳо ба вазифаи роҳбарикунандаи FIE 18 октябр ба охир расид.
Усмонов аз соли 2008 раҳбари Федератсияи байналмилалии шамшерзанӣ буд. Вай ду маротиба дар солҳои 2012 ва 2016 дигарбора ба ин маснад интихоб шуд.
Феълан Алшер Усмонов саҳҳоми холдинги USM мебошад.
Ин ширкат тавлидкунандаи маъдани оҳан "Металлоинвест" ва молики оператори мобилии "Мегафон"-ро назорат мекунад.
Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд
Ширкати Усмонов ҳамзамон молики "Mail.ru Group" тавассути корхонаи муштарак бо "Газпромбонк" ва "Мегафон" мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала