Путин ҳафтаи аввали ноябрро таътил эълон кард

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз 30 октябр то 7 ноябрро дар кишвар таътил эълон кард
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Таътил эълон шудани ҳафтаи аввали моҳи ноябр ба афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар Русия рабт дода мешавад.
Раисҷумҳури Русия ташаббус барои таътил эълон кардани ҳафтаи аввали ноябрро ҷонибдорӣ намуд. Интизор меравад, ки қарори дахлдор шоми 20 октябр имзо гардад. Дар ҳоли имзо шудани ин қарор русиягиҳо 8 ноябр ба ҷойҳои кор бармегарданд.
Владимир Путин изҳор дошт, ки дар сурати мураккаб боқӣ мондани вазъи марбути коронавирус дар кишвар эҳтимоли тамдиди таътил ҷой дорад.
Муовини сарвазири Федератсияи Русия Татяна Голикова пешниҳод кард, ки бинобар вазъи вахими коронавирус аз 30 октябр то 7 ноябр дар баъзе аз минтақаҳои Русия рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шавад.
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Русия
Собянин дар Маскав низоми дуркорӣ ҷорӣ кард
Вай инчунин тавсия дод, дар ин минтақаҳо аз нафақахӯроне, ки ҷое фаъолият намекунанд, даъват шавад, то хонанишинӣ кунанд.
Илова бар ин Голикова аз корфармоён даъват мекунад, ки барои гирифтани ваксина бар зидди коронавирус ба кормандонаш ду рӯзи истироҳат диҳанд.
Муовини сарвазири Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки пас аз 7 ноябр корхонаҳо бо ҳолати одии корӣ баргарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала