Пас аз 27 соли марг: Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз сарбози қазоқи кушташуда дар марз

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксГоры на границе Таджикистана и Афганистана
Горы на границе Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Ҳукумати Тоҷикистон аз модари сарбози қазоқ, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 27 сол пеш ҳалок шуда буд, қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ба модари сарбози қазоқ Раҷан Батрканов, пас аз 27 соли марг ордени "Спитамен", дараҷаи I супурда шуд.
Қаҳрамон - сержанти хурди Баталйони алоҳидаи тирандози Қазоқистон Батрканов Раҷан Армиевич мебошад, ки 28 сентябри соли 1994 зимни ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон.
Семья Некруза Гафурзода, офицера, погибшего в приграничных столкновениях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Мактабе дар Турсунзода номи шаҳиди низои марзӣ Некрӯз Ғафурзодаро гирифт
Гуфта мешавад, ки дар маросими супурдани мукофот сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайруллоҳ Ибодзода, аъзои оилаи марҳум Раҷан Батрканов, муовини раис КДАМ Қазоқистон, генерал-лейтенант Д. Дилманов ва намояндагони расмии мақомоти дахлдори ин кишвар ширкат кардаанд.
Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайруллоҳ Ибодзода баъд аз суханронӣ ба хотири сарбози шаҳиди қазоқистонӣ фармони президенти Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021-ро қироат кардааст.
Ин фармони раисиҷумҳур дар барои далерию фидокории марзбон ва бо ордени "Спитамен", дараҷаи I сарфароз гардонидани сержанти хурд Батрканов Раҷан Армиевич пас аз марг будааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала