Муроҷиати олимони тоҷик ба Рустами Эмомалӣ: аз шаҳрдор чӣ дархост шуд

© ФФТРустам Эмомали президент ФФТ
Рустам Эмомали президент ФФТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ се олими Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо як дархост муроҷиат намуданд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Се олими тоҷик; Саидов, Ҷумъаев ва Партоев ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат намудаанд, ки дар мавзеи Кӯҳдомани пойтахт муҷассамаи "Модар" афрохта шавад, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".
Бар хабари манбаъ, ин се олим пешниҳод намудаанд, ки дар мавзеи шимолу шарқии шаҳри Душанбе (дар мавзеи Нагорний) як гулбоғ таҳти унвони "Гулгашти модар" таъсис шавад.

"Дар ин боғ муҷассамаи "Модар" тарҳрезӣ гардад, ки дар як дасташ гирдачаи калони нони тоҷикӣ ва дар дасти дигараш кӯдак дошта бошад", - зикр намудаанд олимон дар матни муроҷиати худ.

Олимон изҳори умдворӣ намуданд, ки пешниҳоди онҳоро шаҳрдории Душанбе таҳлил ва ҷонибдорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар саҳни фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ин моҳ бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон аз маҷассамаи "Дуои модар" рӯнамоӣ шуд.
Ифтитоҳи маҷмааи Дуои модар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Ашки раисҷумҳур зимни ифтитоҳи пайкараи "Дуои модар" - видео
Пайкараро Ғафурҷон Ҷӯраев, ҳайкалтарош омода карда, дар пояи он манзараҳои биҳишт тасвир ёфтаанд, ки ба маънои "биҳишт зери қудуми модарон аст".
Роҳбари давлат маҷассамаи "Дуои модар"- ро рӯнамоӣ карду ашк рехт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала