Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Сергей Безруков бо COVID-19 бистарӣ шудааст

Актер Сергей Безруков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Ҳунарпешаи маъруфи Русия гуфт, гирифторияш ба коронавирус сабук гузашта истодааст
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сергей Безруков, ҳунарпешаи шинохтаи Русия гирифтори COVID-19 шуда, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Дар ин бора худи ӯ дар саҳифааш дар "Instagram" хабар додааст.
Ӯ изҳор доштааст, ки беморияш таҳти назорат буда, дар шакли сабук гузашта истодааст.
Аз сабабҳои эҳтимолии гирифторӣ ба коронавирус Безруков сарборӣ ва хастагӣ гуфтааст, ки ба масунияти бадан таъсири манфӣ гузоштаанд.

"Ниҳоят вақти холӣ пайдо шуд, то истироҳат ва мутолиа кунем", - илова намуд дар шарҳи акси нашркардааш бо китоб, ки зоҳиран дар беморхона гирифта шудааст.

Ҳунарпеша иттилоъ дод, ки намоишномаҳо бо иштироки ба рӯзи дигар гузаронда мешаванд.
Дар шарҳи ин навиштаи Безруков бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳунарпеша шифои комил хостаанд.
Вақтҳои охир бар асоси гузориши расонаҳо, чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла Лариса Гузеева ва Валерий Гаркалин низ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала